Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ГУЗОРИШ АЗ ЯК ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ

14 май 2026, Панҷшанбе
11
Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои нафақа ва иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ дар мавзуи «Стратегияҳои хидматрасонии дарозмуддат (доимӣ) ба шахсони солхӯрда дар Авру Осиё ва берун аз он» вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрӣ беш аз 130 коршиноси байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Чин, Россия, Озорбойҷон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва коршиносони Ассотсиатсияи байналмилалии фондҳои нафақа ва иҷтимоӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ иштирок намуда, вобаста ба мавзӯи мазкур ибрози ақида намуданд.
Аз ҷумла, Натали Де Вулф, роҳбари лоиҳаи дастури Ассотсиатсияи байналмилалии таъминоти иҷтимоӣ оид ба қарорҳои маъмурӣ барои хидматрасониҳои нигоҳубини дарозмуддат дар мавзуи «Муаррифии дастури Ассотсиатсияи байналмилалии таъмини иҷтимоӣ оид ба нигоҳубини дарозмуддат», Хонг Ми, профессор, директори Лабораторияи моделсозии аҳолии Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии маълумоти бузург оид ба аҳолӣ ва моделсозии сиёсати Донишгоҳи Чжэцзян, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавзӯи «Аз лоиҳаи пилотии шаҳрӣ то фарогирии пурраи суғуртавӣ: роҳи такмил ва моделсозии стратегияи низоми суғуртаи нигоҳубини дарозмуддати Чин”, Ҳидоят Абдуллаев, муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар мавзуи «Нақши пардохтҳои пулӣ ва рақамикунонӣ дар рушди низоми нигоҳубини дарозмуддат ба шахсони солхӯрда дар Ҷумҳурии Озарбойҷон» ва дигарон маърӯза намуданд.
Дар вохӯрӣ Илҳомиддин Юнусзода, сардори раёсати баҳисобгирии инфиродии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароит барои шахсони солхӯрда, аз ҷумла нигоҳубини дарозмуддат» маърӯза намуда, гуфт, ки барои мо шахсони солхӯрда на «бори иҷтимоӣ», балки «фонди тиллоӣ»-и миллат, ҳифзкунандагони анъанаҳо ва хиради ҷомеа мебошанд.
Тавре таъкид гардид, дастгирии шаҳрвандони солхӯрда дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала на танҳо аз уҳдадориҳои байналмилалӣ, балки аз анъанаҳои миллӣ низ сарчашма мегирад, ки дар онҳо эҳтиром ба пиронсолон асоси арзишҳои оилавӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ҳифзи иҷтимоии шахсони солхӯрда тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ҳадафи асосии ин сиёсат қонеъ гардондани босифат ва самараноки талаботи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, вокуниши саривақтии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба эҳтиёҷоти рӯзмарраи шахсони солхӯрда мебошад.
Ҳифзи шахсони солхӯрда яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон буда, дар Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар гардидааст, ки на танҳо падару модар барои тарбияи фарзандон масъуланд, балки фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Ҳамчунин, ҳуқуқҳои аҳолии солхӯрда дар моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудаанд. Тибқи ин модда, ба ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз саробон ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонун муқаррар кардааст, таъмини иҷтимоӣ кафолат дода мешавад.