Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

17 май 2026, Якшанбе
26



Субҳи 17-уми май дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид, ки ҳазорон нафарро ба ҳам овард. Баргузории Дави миллӣ дар Ватани маҳбубамон нишоне аз сулҳу оромӣ, якдиливу якмаромӣ, сарҷамию муттаҳидӣ, инчунин арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон мебошад.

Дар чорабинии бошукӯҳ дар баробари роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо, варзишгарон, ҷавонон ва сокинон, кормандони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ин ҳамоиш бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ширкат варзида, саҳми худро дар тарғиби ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш гузоштанд. Мавриди зикр аст, ки роҳбарият ва кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ пайваста дар ташаббусҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд.


Баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими саломатии ҷомеа, тарбияи насли солиму фаъол ва рушди соҳаи варзиш аҳамияти махсус доранд. Аз ин рӯ, дар кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа ва фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. 

Иштирокчиён масири муайяншударо бо рӯҳияи баланд ва эҳсоси ватандӯстӣ тай намуда, фазои идонаро ба вуҷуд оварданд.

Дар охири чорабинӣ ғолибон ва фаъолони мусобиқа бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007 ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май гузаронда мешавад. Мақсад аз баргузории чорабинӣ таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.