ШАШКА ВА ШОҲМОТ. АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ДАР ТАРҒИБ ВА ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ САҲМ МЕГИРАД
Ҳамасола ба ифтихори ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ, мисли Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, дар кишвар чорабиниҳои варзишӣ гузаронда мешаванд.
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо иқдоми роҳбарият бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Агентӣ мусобиқаи шашка ва шоҳмот баргузор гардида истодааст, ки дар ҷамъбаст ғолибони мусобиқа дар баробари ифтихорнома, инчунин, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр мегарданд.
Бешак, ин иқдомҳоро метавон дар амал татбиқ гардидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҷалби ҷомеа ба солимгардонӣ ва тақвияти оммавияти варзишӣ унвон кард.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо гуфтанд: “Инсоният дар тули таърих ба бисёр дастовардҳои бузурги фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоӣ муваффақ шудааст, ки ба пешрафти зиндагӣ, саодати мардум ва сарҷамъии халқу миллатҳо равона гардидаанд. Яке аз ин дастовардҳои башарият варзиш мебошад, ки аз қадим то ба имрӯз ба хотири солиму тавоно нигоҳ доштани инсон хизмат мекунад”.
Дигар хабарҳо:
16 декабр 2025, Сешанбе
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
