Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

“ТӮБИ ЁДГОРӢ - НИШОНАИ ҲАМДИЛӢ”

19 май 2026, Сешанбе
4




Таҳти чунин унвон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардида истодааст.
Дар доираи ин иқдоми варзишию фарҳангӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод шарф, тӯби рамзӣ ва туҳфаи хотиравиро ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ, ҷонибдорӣ аз тарзи ҳаёти солим ва саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанги варзиш эҳдо намуданд.


Чунин ташаббусҳои созанда дар партави сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин роҳнамоиву дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати таҳкими фарҳанги солимгардонӣ, рушди футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол миёни ҷомеа, бахусус намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон аҳамияти муҳим ва муассир доранд.
Зикр шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди футбол ва муаррифии он ҳамчун василаи таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмии халқҳо аз таарфи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, ин иқдомҳо барои густариши нуфузи варзиш ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Аксияи мазкур дар фазои тантанавӣ, рӯҳияи ҳамдиливу ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои варзишӣ баргузор гардида, бозгӯи таваҷҷуҳи хоссаи давлату Ҳукумат нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин арҷгузорӣ ба Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.