Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВОКУНИШ!

19 май 2026, Сешанбе
7
“КУМАКПУЛӢ БАРОИ ДАФНРО КӢ МЕДИҲАД?”
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамкориҳои мутақобилаи судманд бо воситаҳои ахбори омма изҳори қаноатмандӣ намуда, мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» вобаста ба мақолаи «Кумакпулӣ барои дафнро кӣ медиҳад?» бо муаллифии раиси комиссияи доимии Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоти Суғд оид ба ҳифзи иҷтимоии собиқадорон Исрофил Бобомаликов, ки дар саҳифаи фейсбукии (АХБОР БАРОИ АФКОР/ INFORMATION FOR THOUGHT/ ИНФОРМАЦИЯ К РАЗМЫШЛЕНИЮ) https://www.facebook.com/share/p/14dFzrHHUpz/?mibextid=wwXIfr ба табъ расида буд, вокуниш ирсол менамояд.
Мавсуф дар матлаби хеш оид ба имтиёзи пешбининамудаи Қоидаҳои таъминоти нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, №392 тасдиқ гардидааст, тавзеҳот талаб намудааст. Ҳамзамон, дар матлаб зикр шудааст, ки тибқи қоидаҳои мазкур баъди фавти нафақагир пардохти кумакпулӣ барои дафнро пешбинӣ менамояд. Аммо идораҳои шаҳру ноҳиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пардохти чунин кумакпулиро бе ягон ҳуҷҷати расман тасдиқкунанда рад мекунанд ва гӯё роҳбарияти мақомоти мазкур бо таври шифоҳӣ супориш додаанд, ки агар оилаи нафақагири фавтида ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта нашуда бошад, пас ба оилаи ӯ чунин дафнпулӣ дода нашавад.
Тавре муаллиф дар мақола таъкид менамояд, “маълум, ки оилаи гирандагони нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қайди оилаҳои камбизоат буда наметавонанд. Аз дигар ҷиҳат, оё роҳбарони алоҳида метавонанд қоидаи ҳуҷҷати тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаро худсарона тағйир диҳанд”?.
Дар робита ба гуфтаҳои боло Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медиҳад, ки тибқи талаботи моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” Кумакпулӣ барои дафн (кумакпулии маросими) ба аъзои оилаи камбизоат дар ҳолати фавти корманди суғурташуда, ё худ дар ҳолати фавти аъзои оила, ки дар таъминоти ӯ мебошанд, дода мешавад. Андозаи кумакпулӣ барои дафн баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст (аз 1-уми январи соли 2026 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 78 сомонӣ муқаррар шудааст). Дар як вақт тибқи сархати дуюми моддаи мазкур тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулиро барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳамчунин, иттилоъ медиҳем, ки масъалаи мазкур тибқи Тартиб ва шартҳои пардохти кумакпулӣ барои дафн ба аъзои оилаи камбизоат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2013, №293 тасдиқ гардидааст, ба танзим дароварда мешавад ва тартиби пардохти он дар санади мазкур мушаххасан нишон дода шудааст. Дар хусуси он ки муаллифи матлаб оид ба имтиёзи пешбининамудаи Қоидаҳои таъминоти нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008, №392 тасдиқ гардидааст, тавзеҳот талаб намудааст, чунин иттилоъ медиҳем:
Мувофиқи банди 10-и Қоидаҳои таъин ва пардохти нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми июни соли 2007, №353 (бо тағйиру иловаҳо аз аз 1.08.2008 № 392, аз 02.11.2013, № 514) тасдиқ гардидааст дар сурати вафоти шахсе, ки барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақа мегирифт, ба оилаи ӯ, ки камбизоат мебошад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулӣ барои дафн дода мешавад. Агар нафақахӯрро шахсони аъзои оилаи ӯ набуда дафн карда бошанд, кумакпулии мазкур ба онҳо дода мешавад. Яъне, дар ҳама маврид талаботи қонунгузорӣ пардохти кумакпулӣ барои дафнро ба аъзои оилаи камбизоат пешбинӣ намудааст. Бо назардошти гуфтаҳои боло мумкин аст, ки аз тарафи муаллиф ва дигар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суоле ба миён меояд, ки “Киҳо оилаи камбизоат эътироф мешаванд?”.
Вобаста ба ин, боз ҳам ба маълумот мерасонем, ки муайян намудани оилаи камбизоат тибқи Тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми августи соли 2024, №488 (бо тағйиру иловаҳо аз 28.02.2025 № 139, аз 22.11.2025 №647) тасдиқ гардидааст, ба расмият дароварда шуда, мақоми ваколатдор дар ин самт Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин рӯ, шаҳрвандон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба рӯйхати оилаи камбизоат шомил гардидан, ба мақомоти мазкур муроҷиат намоянд. Дар хусуси он, ки гӯё роҳбарияти мақомоти мазкур бо таври шифоҳӣ супориш додаанд, ки агар оилаи нафақагири фавтида ҳамчун оилаи камбизоат ба қайд гирифта нашуда бошад, пас ба оилаи ӯ чунин дафнпулӣ дода нашавад асоси воқеъӣ надошта, пардохти чунин кумакпулиҳо пурра тибқи талаботи қонунгузорӣ ба расмият дароварда мешавад.
Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба хабару иттилооти носаҳеҳ бовар накарда, маълумоти расмиро танҳо аз манбаъҳои боэътимод дастрас намоянд. Дар ҳолати пайдо шудани суолҳои иловагӣ вобаста ба самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мустақиман метавонанд ба рақамҳои кутоҳи фаъоли Маркази тамоси Агентӣ (3900) ё қабули шаҳрвандон, ки ҳар рӯз аз тарафи роҳбарияти Агентӣ ба роҳ монда шудааст, муроҷиат намоянд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон