ИСТИФОДАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР НИЗОМИ СОҲА

ИМКОНИЯТҲОИ БАРНОМАИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ НАФАҚАГИРОН (Fin client)
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рақамикунонии хидматрасониҳои давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо барномаи нави иттилоотӣ ва феҳристи ягонаи нафақагирон, семинари омӯзишӣ гузаронда шуд.
Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» масъулияти аҳли кормандони суғуртаи иҷтимоиро ҷиҳати татбиқи дастовардҳои соҳавӣ ва дарёфт намудани манбаҳои иловагӣ барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии табақаи осебпазири ҷомеъа ва ҳамқадамӣ бо пешрафти технологӣ дучанд мегардад.
Зикр шуд, ки масъалаҳои рушди соҳаи суғурта, гузариш ба иқтисоди рақамӣ, густариши технологияҳои иттилоотӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, ҳамчун омили асосии пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд. Ҳамзамон, дар доираи барномаи мазкури финклиент (Finclient) имкониятҳои зерин фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, кушодани суратҳисоби бонкӣ барои нафақагирон, дархости корти бонкӣ ва ҳамоҳангсозии маълумот ба муассисаи молиявӣ. Илова бар ин, дар барнома гузарондани амалиётҳои асосии зерин пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани барномаи нави иттилоотӣ дар низоми Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба таври маҷозӣ дастрас намудани рақами мушаххаси суғуртавӣ мебошад.
Барномаи нави иттилоотӣ имконият фароҳам меорад, ки маълумоти марбут бо нафақагирон ва шахсони суғурташаванда ба таври мутамарказ ва дақиқ ба роҳ монда шуда, сатҳи хидматрасонӣ ва шаҳрвандон (нафақагирон) ба марҳалаи сифатан нав бардошта шавад. Бо ҷорӣ намудани низоми мазкур, шаффофият дар пешниҳоди хидматрасониҳо таъмин ва коркарди маълумот содда ва босуръат мегардад. Хатогиҳои эҳтимолӣ коҳиш дода шуда, дастрасӣ ба маълумот ба кормандон беҳтар мегардад.
Дар ин замина, чанде пеш барои кормандони раёсатҳои вилояти Хатлон бо иштироки муовини сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии АСИН Беҳрӯз Ҳокимов чунин семинари омӯзишӣ доир гардид.
Дар маҷмуъ, истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа қадами муҳим дар роҳи татбиқи ҳукумати электронӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати хидматрасонӣ ва баланд бардоштани сатҳи эътимоди шаҳрвандон мусоидат менамояд.

