Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Қарори ҲҶТ аз 25.01.2017, №34 Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаионҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

09 июл 2025, Чоршанбе
270

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимои барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда тасдиқ карда шавад (замима мегардад) (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

2. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар муҳлати як моҳ бақияи маблағҳои ба ҳолати 1 январи соли 2017 истифоданашудаи суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунандаи ба андозаи 1,5 фоиз равонагардидаро, ки аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ зиёд мебошад, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимои ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 январи соли 2017 № 34

ш.Душанбе

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 январи соли 2017, № 34

тасдиқ шудааст

Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (профилактикӣ) дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон (минбаъд - корхонаҳо) муайян менамояд.

2. Меъёри хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо ба андозаи 1,5 фоизи маблағи андози иҷтимоии воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтгардида, ки ба андозаи 25 фоиз дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешавад(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

3. Кумитаҳои иттифоқи касабаи корхонаҳо барои хароҷоти маблағҳои пешбининамудаи банди 2 Тартиби мазкур ҳисоби алоҳида мебаранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

4. Маблағи роҳхатҳо барои солимгардонии кормандон ва ё ба лагери тобистона барои фарзандони онҳо бо қарори якҷояи маъмурият ва иттифоқи касабаи корхонаҳо мутаносибан тақсим карда мешавад. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575):

- харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонию пешгирии бемориҳо барои кормандон;

- харидории роҳхатҳо ба лагерҳои кӯдаконаи тобистона барои фарзандони кормандон;

- ташкили хӯроки парҳезӣ ва хариди маводи доруворӣ барои кормандон (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

5. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки дар корхонаҳо барои ташкили табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда хароҷот шудаанд, ҳамчун маблағҳои воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ воридгардида ҳисобида мешаванд.

2. Ташкили табобатӣ санаторию курортӣ ва истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо

6. Ташкили чорабиниҳо оид ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон таъмин карда мешавад. Агар ташкилотҳо ба сохтори ягона дохил шуда, дар самти истифодаи маблағҳо вобаста ба чорабиниҳои табобати санаторию курортӣ ва истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо имконияташон маҳдуд бошад (воҳидҳои сохторӣ, филиал, ташкилоти фаръӣ ва ё иттиҳодияҳои ягона), пас онҳо ҳуқуқ доранд, маблағҳои ба ин мақсадҳо ҷудошударо дар як суратҳисоб бо ташкилоти асосӣ мутамарказ намуда, барои истифодаи ин маблағҳо қарори якҷоя бароранд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

7. Ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кормандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва барои онҳо корфармо саҳмҳои суғуртавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намудааст, инчунин аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ доранд.

8. Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдаконаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки иҷозатнома ва сертификати мутобиқат барои фаъолияти худ доранд, иҷозат дода мешавад.

9. Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии аз ҷониби корхонаҳо барои харидории роҳхатҳои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона, муассисаҳои солимгардонию пешгирикунандаи дар қаламрави дагар давлатҳо ҷойгиршуда, инчунин ба муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодагардида, ки дорои иҷозатнома ва сертификати дахлдор барои фаъолияти худ намебошанд, барои ҳисоббаробаркунӣ қабул карда намешаванд.

3. Харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳои санаторияҳо, курортҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона дар корхонаҳо

10. Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона аввали ҳар сол, бо дарназардошти теъдоди кормандон ва аъзои оилаи онҳо, нақшаи солонаи ба семоҳаҳо тақсимшударо оид ба харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона тартиб медиҳад.

11. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон дар ду сол як маротиба дар асоси аризаи пешниҳодкардаи онҳо, бо замима намудани хулосаи муассисаи ваколатдори тиббӣ ва риояи навбат бо пардохт намудани 70 фоизи арзиши онҳо аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона ва 30 фоиз аз ҳисоби худи корманд, аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона дода мешаванд.

12. Роҳхатҳо барои кормандон ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳо ба муҳлати на зиёда аз 12 рӯз дода мешаванд. Роҳхатҳо ба лагерҳои тобистонаи кӯдакона бошанд, барои фарзандони кормандон, ки синнашон аз 7 то 14-сола мебошанд, ба муҳлати на зиёда аз 15 рӯз дода мешаванд.

13. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ваколатдор оид ба паҳн намудани онҳо харидорӣ карда мешаванд.

14. Дар сурати нокифоя будани маблағи корхона барои харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда маблағи арзиши онҳо метавонад қисман (на зиёда аз 50 фоиз) аз ҷониби худи кормандон бо роҳи бевосита ба мақомоти ваколатдоре, ки роҳхатҳо аз он харидорӣ мегарданд, пардохта шавад. Маблағи боқимондаи арзиши роҳхат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона пардохт карда мешавад.

15. Дар роҳхате, ки ба корманд дода мешавад, насаб, ном, номи падар ва инчунин ҷойи кори ӯ дарҷ карда мешавад.

16. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон ё аъзои оилаи онҳо аз ҷониби раиси кумитаи иттифоқи касаба ва ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона имзо шуда, бо муҳри онҳо тасдиқ мегардад. Дар корхонаҳое, ки кумитаҳои иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд, роҳхатҳо бо муҳри худи корхона тасдиқ карда мешаванд.

17. Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба корманд на дертар аз панҷ рӯз то оғози мӯҳлати амали он дода мешаванд.

18. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарии роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона "талони бозгашт ба роҳхат", ки бо имзои роҳбари муассисаи табобатӣ ё солимгардонӣ ва муҳри муассиса тасдиқ шудааст, маҳсуб меёбад.

19. Арзиши роҳхат ба санатория, курорт, истироҳатгоҳ, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ки аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидорӣ гардидааст ва бе сабабҳои узрнок аз ҷониби корманд истифода бурда нашудааст, аз ҳисоби ӯ ба корхона барқарор карда мешавад.

20. Дар сурате агар роҳхати аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои санатория, курорт, истироҳатгоҳ, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда харидоришуда бо гуноҳи шахсони масъули корхона истифода бурда нашавад, маблағи мазкур аз ҳисоби онҳо барқарор карда мешавад.

21. Агар роҳхати аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона харидоришуда қисман ё пурра бо сабабҳои ба корманд вобастанабуда (бемор шудан то истироҳат, шиддат гирифтани беморӣ ё фавтидан дар вақти истироҳат) истифода нашавад, маблағи арзиши рӯзҳои истифоданашудаи он бо тартиби муқарраршуда бояд ба корхона бозпас гардонида шавад.

22. Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона вазифадор аст, ки ба корманд аз маблағи умумии ба корхона аз ҳисоби қисман ё пурра истифода набурдани роҳхат бозпас гардонида шудаанд, ҳиссаи мутаносиби саҳми ӯро пардохт намояд.

4. Ҳисоботдиҳӣ ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ оид ба баҳисобгирии роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо

23. Корхонаҳо вазифадоранд, ки на дертар аз рӯзи понздаҳуми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ аз рӯи шакли муқарраргардида дар бораи истифодабарии 1,5 фоиз маблағи воқеан пардохтгардида барои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҳисобот пешниҳод намоянд. Шакли ҳисобот оид ба истифодабарии маблағҳои зикршударо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ муқаррар менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

24. Ҳуҷҷатҳо оид ба хароҷот барои роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона, чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (шартномаҳо, борхатҳо, расидҳои пардохтӣ, рӯйхатҳои тасдиқгардида, талонҳои бозгаштӣ ба роҳхатҳо ва ғайра) ва дафтарҳои бақайдгирии онҳо дар корхонаҳо бо тартиби барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо оид ба даромад ва хароҷоти маблағҳои пешбинигардида нигоҳ дошта мешаванд.

5. Масъулият барои вайрон намудани талаботи Тартиби мазкур

25. Корхонаҳо - пардохткунандагони андози иҷтимоӣ , новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли ҳисоботии молиявӣ маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии барои табобати санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда равонагардидаро, ки ҳамчун маблаги истифоданашуда боқӣ мондаанд ва аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ зиёд мебошанд, ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонанд. Дар сурати аз арзиши 1 (як) роҳхат ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ кам будани бақияи маблағҳо, онҳо ба соли молиявии навбатӣ гузаронида шуда, бо мақсадҳои пешбининамудаи Тартиби мазкур истифода карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.10.2020 № 575).

26. Дар сурати дар корхона аз меъёри муқарраргардида барзиёд хароҷот намудани маблағҳои воқеан пардохтнамудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ҷиҳати харидории роҳхатҳо, барои табобати санаторию курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда маблағҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои корхона барқарор карда мешаванд. Корхона бошад, минбаъд маблағи зарари расонидашударо аз ҳисоби шахсони масъуле, ки ба камбудӣ роҳ додаанд, барқарор менамояд.

27. Дар сурати истифода бурдани маблағҳои ҳисобшудаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои гузаронидани чорабиниҳои бо Тартиби мазкур пешбинигардида, ин хароҷот ба ҳисоб гирифта намешаванд ва дар суратҳисоби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳисоби шахсони масъули корхона, ки ба истифодаи ғайримақсадноки онҳо роҳ додаанд, барқарор карда мешаванд.

28. Раиси кумитаи иттифоқи касаба ё роҳбари мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона барои татбиқи дурусти Тартиби мазкур шахсан масъул мебошад.

6. Назорат аз рӯи истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар корхонаҳо

29. Назорат аз рӯи истифодаи маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, истироҳат, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар корхонаҳо, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд, амалӣ карда мешавад.