Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Пардохти нафақа

10 июл 2025, Панҷшанбе
153

1.Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии ҷои истиқомати шахси барои нафақа муроҷиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани ҷои истиқомати нафақагир нафақа дар ҷои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас ва пардохт карда мешавад.

2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар сол як маротиба ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд.

3. Нафақа новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо бе маҳдудият пардохт карда мешавад.

4. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари яккаву танҳояш вафот кардааст, инчунин дигар кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад.

Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.

 Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иҷтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешавад.

Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад.

7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба муҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад.