ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР АГЕНТӢ ТАНТАНА ДОШТ
Дар сарнавишти ҳар миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томашон ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоӣ мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Дар ин рӯз пас аз талошу қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаи мазкур, воқеан, санади наҷоти миллат, кишвар ва давлат мебошад. Ҳамзамон, ин сана, оғози ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароити орому осоиштаи зиндагӣ аст. Бо фаро расидани сулҳу оромӣ, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, дастовардҳо ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии худро рӯз ба рӯз афзун мегардонад.
Ин нукта дар чорабинии бошукӯҳи идонае, ки 25-уми июни соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба таҷлили 28-умин солагарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод, собиқадори соҳа Дилмурод Давлатзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода ва аҳли кормандони Агентӣ доир гардид, баён шуд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод зимни суханронӣ аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз беҳтарину арзишмандтарин санаи таърихии мост, ҳамзамон, дарс ва сабақи ибратомӯз на танҳо барои тоҷикон, балки барои дигар кишварҳои ҷангзадаву таҳлилгарону мутахассисон мебошад. Яъне, бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки сулҳу ваҳдат ба осонӣ ба даст наомадааст.
Тасаввури хомӯш кардани оташ ва алангаи ин ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар он рӯзгор ҳатто ба зеҳни кас ҳеҷ гоҳ роҳ намеёфт. Чунки намунаи ин гуна ҷангҳо дар дигар мамолики чи пешрафта ва чи қафомонда барои он замина фароҳам меовард. Гумон мерафт, ки мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ васила ба сулҳу ваҳдат шарафёб шуда наметавонем.
Абдураҳмон Ҳалимзод аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ҷиҳати рушди соҳа беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем ва, ба ин васила, дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.
Иштирокдорони ҳамоиш низ дар суханронии хеш аз раванди расидан ба ваҳдати миллӣ ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму густариши сулҳу субот ёдовар шуданд, ки:
– Замон ва ҳодисоти фоҷиабори рухдода собит сохт, ки Сарвари ҳақиқӣ ва асили давлату миллат бо ҷасорат, хирад дилсӯзӣ, ҷонфидоӣ, сарсупурдагӣ ва дидани ояндаи нек баҳри барқарории сулҳу ваҳдат ва пойдории миллат метавонист, ки манфиатҳои миллиро ҳимоя кунад. Ба таъкиди Сарвари давлат «имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем».