Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Қарори Ҳукумати ҶТ аз 14.10.2014, №630

08 июл 2025, Сешанбе
637

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қ А Р О Р

аз 14 октябри соли 2014, №630 ш. Душанбе


Дар бораи Тартиб ва шартҳои пардохти
кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ,
ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ

Мутобиқи моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҳикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҳтимоӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҳикистон қ а р о р м е к у н а д:
Тартиб ва шартҳои пардохти кўмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кўмакпулиҳои оилавӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии                                                           Эмомалӣ Раҳмон
Тоҳикистон