Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

СИННИ МУБОРАК

07 август 2025, Панҷшанбе
58
7-уми августи соли 2025 дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон маросими ботантанаи ба нафақа гусел намудани сармутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеъии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар Хуморбӣ Азимова доир гардид.
Дар он Сарвиноз Нозимзода, сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобил Файзализода, сардори раёсати АСИН дар вилояти Хатлон ширкат варзида, ба Хуморбӣ Азимова барои фаъолияти софдилона ва саҳм гузоштан дар рушди соҳа изҳор сипос намуданд.
Гуфта шуд, ки маҳз бо шарофати меҳнати софдилона, таҷрибаи ғанӣ ва муносибати нек бо ҳамкорон, мавсуф дар байни кормандон ва роҳбарият аз эҳтироми хосса бархӯрдор аст. Таҷрибаи бойи кории чунин кадрҳои соҳибтахассуси соҳа барои тарбияи кадрҳои ҷавон минбаъд низ истифода хоҳанд гардид.
Баъдан бо тақдими сипосномаву туҳфаи хотиравии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҲҶТ Хуморбӣ Азимова дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел шуд.
Хуморбӣ Азимова барои дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдориашро баён дошт.
ҲОЛНОМА
Хуморбӣ Азимова 6-уми августи соли 1967 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1988 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст.
Фаъолияти кориашро давоми солҳои 1988-1995 ба ҳайси муаллимаи забон ва адабиёти тоҷик дар мактаби миёнаи № 3-и ноҳияи Советский (ҳозира ноҳияи Темурмалик) оғоз карда, инчунин солҳои 1995-2000 дар вазифаи мудири боғчаи № 17-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) ва аз аввали соли 2000 то охирии ҳамин сол ба ҳайси сармутахассиси идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Солҳои 2000-2001 муовини сардори идораи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон фаъолияти меҳнатӣ намуда, солҳои 2011-2012 ҳамчун муовини сардори Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон (мудири шуъбаи кумаки иҷтимоӣ) низ кор кардааст.
Баъдан, солҳои 2012-2020 дар вазифаи мудири бахши баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Қӯрғонтаппа фаъолияти меҳнатиашро идома додааст.
Аз моҳи майи соли 2020 то ба нафақа баромадан ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеъии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар фаъолият кардааст.