НИШАСТИ МАТБУОТИИ АГЕНТӢ ДОИР ГАШТ
Имрӯз, 8 - уми августи соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти хабарӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дарвеш Сафарзода, муовинони директори Агентӣ Усмоналӣ Қурбонзода, Фирдавс Ҷалолзода, сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии Агентӣ ва намояндаҳои воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ду миллиарду 721,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, мувофиқи маълумотҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 103,4 дарсад таъмин гардида, ба буҷети Агентӣ ду миллиарду 814,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки назар ба нақшаи пешбинигардида зиёд мебошад.
Ҳамзамон, ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон аз оилаҳои камбизоат дар истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ, 4,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 100 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои пешрафти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зарур аст, рақамикунонии соҳа ба ҳисоб меравад. Агентӣ дар нимсолаи якуми соли равон дар ин самт ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, аз тарафи Агентӣ барномаи Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон таҳия гардидааст, ки барои пешбурди пардохти нафақа ба таври автоматӣ тавассути КВД БА ҶТ “Амонатбонк” аз моҳи марти соли равон дар доираи лоиҳаи таҷрибавӣ пардохти мутамаркази нафақаро дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва Файзобод роҳандозӣ намуд. Тибқи нақша, то моҳи сентябри соли ҷорӣ тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба низоми автоматии зикршуда пайваст хоҳад шуд.
Инчунин, бо истифода аз барномаи “пули ҳушманд” дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ва ба ин васила ба таври автоматикӣ боздошт ва қатъ намудани пардохтҳои нафақаи онҳо ба роҳ монда шуд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади хизматрасонии босифат ва қабули дархосту шикоятҳо 25-уми июни соли равон Маркази тамос мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Марказ бо технологияҳои муосир таъмин буда, дар он беҳтарин мутахассисони ҷавон ба кор ҷалб гардидаанд.
Тамос бо Марказ тавассути рақами кӯтоҳи 3900 имконпазир буда, ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон тавассути телефони мобилӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рӯи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва пас аз таъин гардидани нафақа идома додани фаъолияти меҳнатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа, аз ҷониби операторон пурра ва сари вақт посух дода мешавад.
