Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

БАРРАСИИ КОНСЕПСИЯИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ДИН

13 май 2025, Сешанбе
52
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо иштироки намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳониддин Қаландаров ва кормандони Агентӣ дар мавзӯи “Нақши Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” ҷаласа баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1042 аз 4 апрели соли 2018 қабул гардидааст. Тибқи он, вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд, ки ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд. Ҷамъомади имрӯза низ бо мақсади иҷрои талаботи ин санад доир гардида истодааст.
Қурбонзода Усмоналӣ, муовини якуми директори Агентӣ, иброз дошт, ки ҷиҳати амалисозии Консепсияи мазкур ва риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақшаҳои чорабиниҳои дохилиидоравии Агентӣ тасдиқ гардидааст. Дар ин самт аз тарафи Агентӣ корҳои муайян, аз ҷумла баргузории ҷаласаҳои назоратӣ, семинарҳои омӯзишӣ, паҳн намудани маводҳои таблиғотӣ ва гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сомон расонда шудааст.
Муовини сардори Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентӣ Самандар Исмоилзода зимни муаррифии рӯнамоӣ дар мавзӯи «Мақсад ва мафҳумҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» иштирокдорони ҷаласаро бо заминаҳои қабули консепсия, вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, мақсад ва ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон шинос намуд.
Сипас, Бурҳониддин Қаландаров, намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, дар мавзӯъҳои матраҳгардида маърӯза намуда, гуфт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар пояи ғояҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешии динӣ, таҳаммулпазирию эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо ва баробарии пайравони тамоми динҳо дар назди қонун амалӣ мешавад.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви мустақил ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ дар канор набуда, аз ҷумла дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад.
Дар идома моҳияту ҳадафи қабули Консепсияи мазкур ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» шарҳ дода шуд.