Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа андозаҳои нави нафақаҳоро номбар намуданд
8 август зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар натиҷаи амалисозии ин фармон нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ мавриди индексатсия қарор мегирад:
— нафақаҳои суғуртавӣ аз 470, 57сомонӣ ба 517,63 сомонӣ баробар карда мешаванд.
— нафақаҳои меҳнатӣ аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ баробар карда мешавад.
— нафақаҳои иҷтимоӣ аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ баробар карда мешаванд.
— нафақаҳои заминавӣ аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ баробар карда мешаванд.
Иброз гардид, ки индексатсияи нафақаҳо шуруъ аз моҳи сентябри 2025 бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегардад.
Маблағи нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар ҷумҳурӣ пурра ба тариқи ғайринақдӣ амалӣ шуда, тавассути Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохт карда мешавад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 июли соли 2025 858 ҳазору 191 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 170 ҳазору 052 нафарро ташкил дод. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 18 ҳазору 220 нафар, гурӯҳи дуюм — 83 ҳазору 691 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 ҳазору 317 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола- 34 824 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1149 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 649 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 15 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ 117 нафарро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи аҳолии калонсол тибқи моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда мешавад. Дар он омадааст, ки ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
АМИТ «Ховар»
