Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

БАРОИ НАФАҚАГИРОН МАБЛАҒГУЗОРӢ 48,8 ДАРСАД АФЗУД

11 феврал 2025, Сешанбе
31
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки барои пешрафти соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа зарур аст, рақамикунонии соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳоло Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар доираи имкониятҳои молиявӣ ва иқтидори меҳнатӣ масъалаи рақамикунонии соҳаро шуруъ намудааст.
Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт ва зикр кард, ки соли рафта барои нафақагирон хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ барои пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ дар корхонаю муассисаҳои ҷумҳурӣ аз рӯи маълумоти нақшавӣ дар соли 2024 дар маҷмуъ 337,9 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 32,1 миллион сомонӣ ё 10,5 фоиз зиёд мебошад.
Соли 2024 бо мақсади таъмини татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилоти буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 дарсад аз андозаи муқарраршуда индексатсия (зиёд) карда шуд.
Дар натиҷаи амалисозии Фармон андозаи нафақаи 775 008 нафар нафақагироне, ки нафақаи суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ мегирифтанд, мавриди индексатсия қарор гирифта, дар натиҷа андозаи миёна нафақа ба чунин нишондиҳандаҳои хуб баробар гардид:
— нафақаҳои суғуртавии 290 244 нафар аз 368,68 сомонӣ ба 475,75 сомонӣ баробар карда шуд.
— нафақаҳои меҳнатии 294 530 нафар аз 445,34 сомонӣ ба 583,27 сомонӣ баробар карда шуд.
— нафақаҳои иҷтимоии 190 234 нафар аз 259,62 сомонӣ ба 349,45 сомонӣ баробар карда шуд.
Андозаи нафақаи миёна дар ҷумҳурӣ 106,17 сомонӣ зиёд гардида, аз 368,9 сомонӣ ба 475,07 сомонӣ баробар карда шуд.
Индексатсияи нафақаҳо пурра ба анҷом расида, шуруъ аз моҳи июли соли 2024 нафақаҳо бо назардошти зиёдшавии онҳо пардохт мегарданд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд ки дар ҷумҳурӣ шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 январи соли 2025, 836 ҳазору 690 нафар ва шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола- 34 034 нафар, шумораи кӯдакони ятими кулл-1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим- 77 502 нафар, шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.