Пардохти кӯмақпулиҳои иҷтимоӣ
Пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи банди 3Қоидаҳои таъин ва пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ, ки бо қарори ҲҶТ аз 03.03.2011с, №117 тасдиқ гардидааст, амалӣ мегардад.
3. Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ
Кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба соҳибкорони инфиродӣ, ки шахси ҳуқуқӣ намебошанд ва вақти кории онҳоро ба ҳисоб гирифтан ғайриимкон аст, аз ҳисоби 12 моҳи охирини фаъолият вобаста ба маблағи пардохтшудаи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ таъин карда мешаванд.
Собиқаи суғуртавии солонаи соҳибкори инфиродӣ тавассути Шаҳодатнома фаъолияткунанда он вақт пурра ҳисоб карда мешавад, ки саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии ӯ аз музди миёнаи якмоҳаи номиналии корманди кироя, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта ташаккул ёфтааст, камтар набошад.
Собиқаи суғуртавии соҳибкори инфиродии тавассути Патент фаъолияткунанда аз рӯи меъёри пешбининамудаи пардохти воқеии андози иҷтимоӣ барои моҳҳои тақвимии ба даст оварда (мӯҳлати амали Патент) на зиёдтар аз ҳаҷми панҷкаратаи андози иҷтимоии пардохтгардида дар соли гузашта ҳисоб карда мешавад. Агар андозаи саҳмҳои суғуртаи иҷтимоии онҳо аз меъёри муқаррарнамудаи банди 11 Қоидаҳои мазкур камтар бошад, он вақт собиқаи суғуртавии солонаи соҳибкори инфиродӣ пурра ҳисоб карда намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 515).
Таъин ва ҳисобӣ намудани кӯмакпулиҳои пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ба соҳибкорони инфиродӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва сохторҳои тобеи он дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.
Маблағи миёнаи моҳонаи пардохти саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ (андози иҷтимоӣ) ҳангоми баҳисобгирии даромади якрӯзаи кори корманд, набояд аз андозаи муқарраргардидаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар бошад.
Пас аз ба анҷом расидани соли тақвимӣ, соҳибкори инфиродӣ бояд то 1 марти соли навбатӣ аз натиҷаи пардохти саҳмҳои суғуртаи иҷтимоӣ ба мақомоти маҳаллии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳисобот оид ба саҳмҳои суғуртавии пардохтгардидаро пешниҳод намояд.
