Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия

18 июл 2025, Ҷумъа
42

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба татбиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа аз 15 сентябри соли 2021

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба татбиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа аз 15 сентябри соли 2021 маъқул дониста шавад.

2. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 2 марти соли 2023, № 97

Созишномаи маъмурӣ байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия оид ба татбиқи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа аз 15 сентябри соли 2021

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия (минбаъд - Тарафҳо) мутобиқи моддаи 13 Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа аз 15 сентябри соли 2021 (минбаъд - Шартнома)

ба мувофиқаи зайл расиданд:

I. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1 Мафҳумҳо

Мафҳумҳои дар Созишномаи маъмурии мазкур истифодашаванда дорои ҳамон маъное мебошанд, ки дар Шартнома оварда шудааст.

Моддаи 2 Муассисаҳои салоҳиятдор

1. Бо мақсади амалисозии Шартнома ва Созишномаи маъмурии мазкур, муассисаҳои салоҳиятдори зерин муайян карда мешаванд:

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он - дар мавриди муқаррар ва пардохт намудани нафақаю кумакпулӣ;

- Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он - дар мавриди амалисозии экспертизаи тиббию иҷтимоии (муоинаи маҷмуии) шахсони суғурташуда бо мақсади қабули қарор дар бораи гурӯҳ, муҳлат ва сабаби маъюбӣ;

дар Федератсияи Россия:

- Фонди нафақа ва суғуртаи иҷтимоии Федератсияи Россия ва мақомоти ҳудудии он - дар мавриди муқаррар ва пардохт намудани нафақаю кумакпулӣ;

- Бюрои федералии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд - Бюрои федералӣ), сарбюроҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар субъекти дахлдори Федератсияи Россия, ки дар тобеияти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия қарор доранд - дар мавриди масъалаҳои амалисозии экспертизаи тиббию иҷтимоии (муоинаи маҷмуии) шахсони суғурташуда бо мақсади қабули қарор дар бораи гурӯҳ, муҳлат ва сабаби маъюбӣ.

2. Муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда бо ҳамдигар оид ба масъалаҳои марбут ба татбиқи Шартнома ва Созишномаи маъмурии мазкур бо истифодаи варақаҳо, ки замима ба Созишномаи маъмурии мазкур мебошанд, ҳамкорӣ менамоянд.

3. Муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда суроғаҳои почтавӣ ва электронӣ, рақамҳои телефонӣ ва факсро, ки барои амалисозии ҳамкорӣ заруранд, мубодила менамоянд.

Моддаи 3 Истифодаи варақаҳо

1. Муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда варақаҳои зеринро истифода менамоянд:

маълумотнома дар бораи қонунгузории татбиқшаванда (Замимаи 1);

варақаи "Пурсишнома-ариза" (Замимаи 2);

варақа "Дар бораи собиқаи суғуртавӣ" (Замимаи 3);

варақа "Дар бораи муоинаи тиббӣ" (Замимаи 4);

варақа-огоҳинома дар бораи қарори қабулшуда (Замимаи 5);

варақа-ведомости пардохт (Замимаи 6);

варақа-санади муқоиса (Замимаи 7);

варақа "Дар бораи нигоҳ доштани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа" (Замимаи 8);

варақаи иттилоотӣ (Замимаи 9).

2. Варақаҳои дар банди 1 моддаи мазкур пешбинигардида, ба истиснои варақаи "Пурсишнома-ариза", аз ҷониби муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда хонапурӣ карда мешаванд. Иттилоот дар бораи маълумоти шахсӣ дар варақаҳо, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ва маълумоти низоми миллии иттилоотӣ пур карда шудааст, аз тарафи муассисаи салоҳиятдори Тарафи аҳдкунандаи дигар бе тасдиқи ҳуҷҷати иловагӣ қабул карда мешавад.

Варақаи "Пурсишнома-ариза" аз тарафи шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ), шахси муроҷиаткунанда ҷиҳати гирифтани кумакпулӣ барои дафн, маблағи нафақа, ки шахси суғурташуда (аъзои оилаи ӯ) бинобар вафот нагирифтааст, хонапурӣ карда мешавад. Зимнан, пуррагӣ ва дурустии маълумоти дар ин варақа зикргардида бо имзои шахси масъул ва муҳри муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда дар маҳалли истиқомати (зисти) шахси суғурташуда (аъзои оилаи ӯ), шахси барои гирифтани кумакпулии маросими дафн, маблағи нафақае, ки шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) бинобар фавт нагирифтааст, тасдиқ мегардад.

3. Ирсоли варақаҳо ва ҳуҷҷатҳо аз ҷониби муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи бақайдгирии варақаи "Пурсишнома-ариза" ва ҳуҷҷатҳои аз тарафи шахси суғурташуда (узви оила, намояндаи қонунии ӯ) пешниҳодшаванда ё аз рӯзи қабули қарори дахлдор амалӣ карда мешавад, агар тартиби дигар дар Созишномаи маъмурии мазкур пешбинӣ нашуда бошад.

4. Бо мақсади дархост кардани иттилооти иловагӣ, муассисаи салоҳиятдори як Тарафи Аҳдкунанда тавассути ирсоли варақаи иттилоотӣ ҳуқуқ дорад аз муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар, ки бевосита бо тарафи шахси суғурташуда (узви оила, намояндаи қонунии ӯ) ҳамкорӣ менамояд, варақаю ҳуҷҷатҳои заруриро, ки барои амалисозии ҳуқуқ ба таъмини нафақаи шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) муҳиманд, дархост намояд.

Моддаи 4 Азназаргузаронӣ ва (ё) азназаргузаронии такрории тиббӣ

1. Муоинаи тиббӣ (азназаргузаронии тиббӣ) бо мақсади равон кардан ба экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (азназаргузаронии маҷмуӣ) мутобиқи Шартнома, агар дар қонунгузории Тарафҳои Аҳдкунанда тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, ройгон амалӣ карда мешавад.

2. Пур кардан ва тасдиқ намудани варақа дар бораи муоинаи тиббӣ аз ҷониби инҳо ба амал бароварда мешавад:

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - аз ҷониби муассисаи салоҳиятдоре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст;

дар Федератсияи Россия - аз ҷониби муассисаи салоҳиятдоре, ки мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия муайян шудааст.

3. Барои муоинаи тиббии (азназаргузаронии тиббии) ғоибона варақа дар бораи муоинаи тиббӣ ва ҳуҷҷатҳои тиббие, ки ба муассисаи салоҳиятдори қабулкунандаи қарор дар бораи таъини (тамдиди муҳлати пардохти) нафақа ворид гардидаанд, барои қабули қарори дахлдор аз ҷониби он ба муассисаи салоҳиятдори ин Тарафи Аҳдкунанда дар маҳалли таъини нафақа (ҷойгиршавии парвандаи пардохт) ирсол карда мешаванд, ки ба зиммааш амалӣ намудани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (азназаргузаронии маҷмуӣ) вогузор гардидааст.

4. Ҳамкорӣ оид ба ирсоли варақа дар бораи муоинаи тиббӣ ва дархости ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои амалӣ намудани муоинаи тиббии (азназаргузаронии тиббии) ғоибона заруранд, тавассути муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунандае ба амал бароварда мешавад, ки ба зиммаашон қабули қарор дар бораи таъини нафақа (тамдиди муҳлати пардохт) вогузор гардидааст.

5. Муассисаи салоҳиятдори амаликунандаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (азназаргузаронии маҷмуӣ) пас аз қабули қарор дар бораи ба шахси суғурташуда муқаррар намудани/рад кардани муқарраркунии гурӯҳ, муҳлат ва сабаби маъюбӣ ин қарорро ба муассисаи салоҳиятдоре ирсол мекунад, ки нафақаи дахлдорро муқаррар ва пардохт менамояд.

II. Қонунгузории татбиқшаванда

Моддаи 5 Тасдиқи қонунгузории татбиқшаванда

1. Бо мақсади амалисозии бандҳои 1 ва 2 моддаи 8 Шартнома, муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки шахси суғурташуда таҳти амали қонунгузории он қарор мегирад, ба ӯ дар асоси аризаи ӯ ё аризаи корфармои ӯ маълумотнома дар бораи қонунгузории татбиқшаванда медиҳад. Ин маълумотнома ҳамчун далели озодкунии шахси суғурташуда аз пардохти суғуртапулӣ мутобиқи қонунгузории Тарафи Аҳдкунандаи дигар хизмат мекунад.

2. Бо мақсади амалисозии сархати дуюми банди 1 моддаи 8 Шартнома, аризаи дахлдор аз ҷониби шахси суғурташуда ё корфармои ӯ то охири муҳлати пешбинигардидаи кори муваққатӣ ба мақоми ваколатдори он Тарафи Аҳдкунандае дода метавад, қонунгузории он бояд нисбати шахси суғурташуда татбиқ карда шавад.

3. Мақоми ваколатдори як Тарафи Аҳдкунанда аз мақоми ваколатдори Тарафи аҳдкунандаи дигар дар бораи имконияти нисбати шахси суғурташуда татбиқ намудани истиснои пешбининамудаи сархати дуюми банди 1 моддаи 8 Шартнома дархост менамояд.

Пас аз мувофиқа байни мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда қарори дахлдор ба маълумоти муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае расонида мешавад, ки қонунгузории он бояд нисбати шахси суғурташуда татбиқ карда шавад.

4. Барои тасдиқи қабули қарори дар банди 3 моддаи мазкур зикргардида муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки қонунгузории он нисбати шахси суғурташуда татбиқ карда мешавад, ба ӯ ё корфармои ӯ шаҳодатнома дар бораи қонунгузории татбиқшаванда медиҳад.

III. Нафақа ва кумакпулӣ

Моддаи 6 Муқаррар намудани нафақа

1. Бо мақсади амалисозии ҳуқуқ ба нафақа мутобиқи моддаҳои 9, 10, 11 ва 20 Шартнома, шахси суғурташуда (узви оила, намояндаи ӯ) бо аризаи дахлдор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки дар ҳудуди он маҳалли зист дорад, дар ҳолати дар ҳудуди давлати сеюм истиқомат карданаш бошад, ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи аҳдкунандаи мансубияти шаҳрвандии худ муроҷиат менамояд.

Агар шахси суғурташуда хоҳиши мутобиқи қонунгузории Тарафи Аҳдкунандаи дигар муқаррар намудани нафақаро дошта бошад, ӯ варақаи "Пурсишнома-ариза"-ро пур мекунад.

2. Муассисаи салоҳиятдори Тарафи аҳдкунанда, ки шахси суғурташуда ба он бо мақсади муқарраркунӣ ва пардохти нафақа аз ҷониби Тарафи Аҳдкунандаи дигар муроҷиат намудааст, варақаи "Пурсишномаариза"-ро дар рӯзи воридшавии он ба қайд гирифта, ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) ба нафақа аз ҷониби он даъво дорад, инҳоро ирсол менамояд:

а) варақаи "Пурсишнома-ариза" ва нусхаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахси суғурташуда (узви оила) ё намояндаи онҳо, ки аз ҷониби муассисаи салоҳиятдор тасдиқ шудаанд;

б) варақаи иттилоотӣ (дар ҳолате, ки агар дар рӯзи ирсол муассисаи салоҳиятдор иттилооте дошта бошад, ки бояд ба маълумоти муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар расонида шавад);

в) варақа дар бораи собиқаи суғуртавӣ (дар ҳолате, ки агар дар рӯзи ирсол муассисаи салоҳиятдор дар бораи собиқаи суғуртавии шахси суғурташуда маълумот дошта бошад, ки бояд ба маълумоти муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар расонида шавад);

г) варақа дар бораи муоинаи тиббӣ ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тиббии пешниҳодгардида (дар ҳолати муроҷиат барои нафақа вобаста бо маъюбият).

3. Муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки варақаю ҳуҷҷатҳои дар банди 2 моддаи мазкур зикргардидаро гирифтааст, баррасии онҳо ва қабули қарорро бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории давлати худ таъмин менамояд ва пас аз қабули қарор дар бораи муқаррар намудани (рад кардани муқарраркунии) нафақа ва (ё) кумакпулӣ ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар варақа-огоҳиномаро дар бораи қарори қабулгардида, варақа дар бораи собиқаи суғуртавии ҳангоми қабули қарор ба ҳисоб гирифташударо ирсол менамояд.

Дар ҳолати рад кардани муқарраркунии нафақа, ҳамзамон қарори дахлдор низ ирсол карда мешавад.

Моддаи 7 Пардохти нафақа

1. Пардохти нафақа ба шахсони суғурташуда (аъзои оилаи онҳо) дар ҳудуди Давлати Аҳдкунандае, ки онро таъин намудааст, бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории ин Давлати Аҳдкунанда амалӣ карда мешавад.

2. Интиқоли маблағи нафақа аз ҷониби муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи таъиннамудаи он ба ҳудуди Давлати Аҳдкунандаи истиқомати шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) бо рубл амалӣ карда мешавад. Маблағи нафақа ба Федератсияи Россия бо дарназардошти қурби расмии асъори Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи тартиб додани варақа-ведомости пардохт амал мекунад, интиқол дода мешавад.

Интиқоли маблағи нафақа аз ҷониби муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи таъиннамудаи он ба ҳудуди Давлати Аҳдкунандаи истиқомати шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) то санаи 15-уми моҳи якуми ҳар семоҳа барои семоҳаи сипаришуда ба суратҳисоби бонкии муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки расонидани маблағи нафақаро амалӣ менамояд, дар асоси варақа-ведомости пардохт анҷом дода мешавад. Варақа-ведомости пардохт ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае, ки расонидани маблағи нафақаро амалӣ менамояд, на дертар аз санаи 15-уми моҳе, ки дар он интиқоли маблағ анҷом дода мешавад, ирсол мегардад. Ҳамзамон бо варақа-ведомости пардохт рӯйхати шахсоне, ки аз онҳо маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа нигоҳ дошта шудааст, ирсол карда мешавад.

3. Муассисаи салоҳиятдори Давлати Аҳдкунандаи истиқомати шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) мутобиқи қонунгузории худ расонидани маблағи нафақаро ба суратҳисоби шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) дар муассисаи қарзӣ ё ташкилоти дигаре, ки намудҳои алоҳидаи амалиётҳои бонкиро анҷом медиҳад, ташкил менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли маблағҳои нафақа ба суратҳисоби шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ), ки дар ташкилоти қарзӣ ё ташкилоти дигари анҷомдиҳандаи намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ кушода шудааст, бо рубл сурат мегирад.

4. Муассисаи салоҳиятдори Давлати Аҳдкунанда, ки расонидани нафақаро анҷом медиҳад, на дертар аз санаи 1-уми моҳи сеюми семоҳае, ки дар он интиқоли нафақа амалӣ гардидааст, варақа-ведомости пардохтро бо қайд дар бораи пардохт ё нишон додани сабаби пардохт нагардидани нафақа ба муассисаи салоҳиятдори Давлати Аҳдкунанда, ки нафақаро таъин кардааст, ирсол менамояд.

5. Муассисаҳои салоҳиятдор ҳар сол мубодилаи варақаҳо-санадҳои муқоисавиро барои соли сипаришуда анҷом медиҳанд. Варақа-санади муқоисавӣ дар ду нусха тартиб дода шуда, ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар на дертар аз 1 марти соле, ки пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, ирсол карда мешавад. Яке аз ин ду нусха пас аз баимзорасонӣ ба муассисаи салоҳиятдор на дертар аз 1 апрели ҳамин сол баргардонида мешавад.

6. Хароҷоти марбут ба пардохти маблағи нафақаи ба шахсони суғурташуда (аъзои оилаи онҳо) гузаронидашударо муассисаи салоҳиятдори ҳамон Давлати Аҳдкунандае пардохт менамояд, ки дар ҳудуди он гирандагони нафақа истиқомат мекунанд.

7. Маблағи пардохтнашудаи нафақа, инчунин маблағи нигоҳ дошташудаи нафақа дар муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки расониданро амалӣ менамояд, дар бақияи маблағ барои пардохти маблағи нафақа дар давраи минбаъдаи пардохт ба ҳисоб гирифта мешавад.

8. Дар ҳолати аз ҳудуди як Тарафи Аҳдкунанда ба ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар ё давлати сеюм кӯчидани шахси суғурташуда (узви оила ӯ), пардохти нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 1 ва 2 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад.

9. Дар ҳолате, ки агар шахси суғурташуда (узви оила ӯ) дар ҳудуди давлати сеюм маҳалли доимии истиқомат (зист) дошта бошад, пардохти нафақа ба шарти пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи далели дар қайди ҳаёт будан бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Давлати Аҳдкунандае, ки нафақаро таъин кардааст, анҷом дода мешавад.

Моддаи 8 Ҳамкорӣ оид ба баргардонидани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа

1. Қабули қарор дар бораи баргардонидани маблағи нафақаи ба шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) барзиёд пардохтшуда ва ҷуброни он мутобиқи қонунгузории Тарафи Аҳдкунандае амалӣ карда мешавад, ки дар он муассисаи салоҳиятдор онро пардохт намудааст.

2. Бо мақсади амалисозии моддаи 16 Шартнома, муассисаи салоҳиятдори як Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақаро ба андозаи зиёдтар аз андозаи муқарраргардидаи ба шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) пардохт намуда бошад ва пардохти онро қатъ намудааст, ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар варақа дар бораи боздошт намудани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақаро барои нигоҳ доштан аз нафақаи аз ҷониби ин Давлати Аҳдкунанда пардохтшаванда ирсол менамояд.

Андозаи маблағи боздоштшаванда ба асъори Давлати Аҳдкунандае, ки ба он варақа дар бораи боздошт намудани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа ирсол мегардад, бо дарназардошти қурби расмии асъори мутаносибан Бонки марказии Федератсияи Россия ва Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар рӯзи тартиб додани варақа дар бораи боздошт намудани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа амал мекард, мубодила карда мешавад.

3. Муассисаи салоҳиятдоре, ки варақаи дар банди 2 моддаи мазкур зикргардидаро гирифтааст, дар бораи нигоҳ доштани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа ё имконнопазир будани иҷрои дархост қарор қабул карда, ба муассисаи салоҳиятдори ирсолнамудаи он варақа-огоҳиномаро дар бораи қарори қабулшуда ирсол менамояд. Нигоҳ доштани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа бо тартиб ва ба андозаи пешбининамудаи қонунгузории Давлати Аҳдкунандае, ки маблағро нигоҳ медорад, амалӣ карда мешавад.

4. Дар ҳолати нигоҳ доштани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа, ин маълумотро муассисаи салоҳиятдоре, ки маблағро нигоҳ доштааст, дар варақа-ведомости пардохт инъикос намуда, аз тарафи муассисаи салоҳиятдоре, ки маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақаро нигоҳ доштааст, ҳангоми интиқоли нафақа дар давраи минбаъдаи пардохт ба ҳисоб гирифта мешавад.

Андозаи маблағи нафақаи ба фоидаи Федератсияи Россия боздоштшуда дар варақаи ведомости пардохт бо рубл дар асоси қурби расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи пур кардани маълумоти ҳисоботӣ дар бораи тасдиқи расонидан амал мекунад, инъикос карда мешавад.

5. Пас аз анҷоми нигоҳдории маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақа муассисаи салоҳиятдоре, ки онро анҷом додааст, ба муассисаи салоҳиятдоре, ки маблағи нафақаро барзиёд пардохт намудааст, тавассути ирсоли варақаи иттилоотӣ хабар медиҳад.

6. Маблағи нафақаи барзиёд пардохтшуда дар муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки варақа дар бораи нигоҳ доштани маблағи барзиёд пардохтшудаи нафақаро ирсол намудааст, дар ҳолати аз муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар ворид гардидани варақаи иттилоотӣ дар бораи анҷом додани нигоҳдории маблағи нафақаи барзиёд пардохтшуда бо асъори миллии ин Тарафи Аҳдкунанда дар ҳаҷми пурра ҷубронгардида ҳисобида мешавад.

Моддаи 9 Пардохти маблағи гирифтанашудаи нафақа ва кумакпулӣ барои дафн

1. Шахсоне, ки барои гирифтани маблағи нагирифтаи нафақаи шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) бинобар вафот ва (ё) кумакпулӣ барои дафн ҳуқуқ доранд, барои пардохти онҳо бо аризаи дахлдор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда дар маҳалли истиқомати (зисти) худ муроҷиат менамоянд.

2. Агар маҳалли истиқомати (зисти) ин шахсон дар ҳудуди Тарафи Аҳдкунанда ҷойгир набошад, ки муассисаи салоҳиятдори он бояд дар бораи пардохти маблағи зикргардидаи нафақа ва (ё) кумакпулӣ барои дафн қарор қабул намояд, пас муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки шахс ба он муроҷиат намудааст, варақаи "Пурсишнома-ариза"-и пуркардаи ӯ, инчунин варақаи иттилоотиро барои қабули қарор ва пардохти маблағи нафақаи нагирифтаи шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) бинобар вафот ва (ё) кумакпулӣ барои дафн ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандаи дигар ирсол менамояд.

3. Муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки варақаҳои дар банди 2 моддаи мазкур зикргардидаро гирифтааст, дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории ин Давлати Аҳдкунанда дар бораи пардохт ё рад кардани пардохти маблағи нафақаи нагирифтаи шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) бинобар вафот ва (ё) кумакпулӣ барои дафн қарор қабул менамояд.

Иттилоот дар бораи қарори қабулшуда ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда, ки варақаи "Пурсишнома-ариза"-ро дар бораи пардохти маблағи нагирифтаи нафақа ва (ё) кумакпулӣ барои дафн ирсол намудааст, тавассути ирсоли варақа-огоҳинома дар бораи қарори қабулшуда расонида мешавад.

4. Агар маҳалли истиқомати (зисти) ин шахсон дар ҳудуди давлати сеюм ҷойгир бошад, пас онҳо барои пардохти маблағи зикргардида ба муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунандае муроҷиат менамоянд, ки пардохти нафақаро анҷом додааст.

Дар ҳолате, ки агар пардохти нафақа аз ҷониби ҳарду Тарафи Аҳдкунанда анҷом дода шуда бошад, пас шахсони дар сархати якуми банди мазкур зикргардида барои пардохти маблағи нафақае, ки шахси суғурташуда нагирифтааст, бо аризаи дахлдор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муассисаи салоҳиятдори ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда, барои пардохти кумакпулӣ барои дафн бошад, ба муассисаи салоҳиятдори ҳамон Тарафи Аҳдкунандае муроҷиат менамоянд, ки дар ҳудуди он шахси вафоткарда дафн карда шудааст.

5. Дар ҳолати қабули қарор дар бораи пардохти маблағҳои зикргардида, пардохти (интиқоли) онҳо ба шахсоне, ки барои гирифтани онҳо ҳукуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 7 Созишномаи маъмурии мазкур амалӣ карда мешавад.

IV. Кумаки мутақобила ва мубодилаи иттилоот

Моддаи 10 Ҳамкории муассисаҳои салоҳиятдор

1. Муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда ба якдигар дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зарурӣ, тасдиқи далелу амалҳое, ки аз онҳо муқаррар намудан, тағйир додани андоза, боздоштан ва қатъ намудани ҳуқуқ ба нафака вобастагӣ дорад, ройгон мусоидат менамоянд.

2. Муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда дар бораи ҳолатҳои ошкоршудае, ки барои таъин намудани нафақа аҳаммият доранд, ё боиси боздоштан ва (ё) қатъ намудани пардохти он, тағйир додани андозаи он мегарданд, ба якдигар хабар медиҳанд:

оғоз, қатъи кор ё фаъолияти дигар;

вафоти шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ);

барои истиқомати доимӣ ба давраи сеюм ё ба ҳудуди Тарафи Аҳдкунандаи дигар кӯчидан;

тағйир ёфтани шумораи нафарони дар таъминотбуда;

инчунин ҳама гуна ҳолатҳои дигаре, ки барои амалисозии Шартнома ва Созишномаи маъмурии мазкур заруранд.

3. Бо мақсади амалисозии бандҳои 1-2 моддаи мазкур, муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои Аҳдкунанда варақаи иттилоотиро истифода мебаранд.

Ирсоли ҳуҷҷатҳо (маълумот) дар давоми 10 рӯзи корӣ аз рӯзе, ки муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда дар бораи далели дахлдор хабардор шудааст, амалӣ карда мешавад.

Дар бораи маълумоти зарурии иловагии дигар бо дархости муассисаи салоҳиятдори Тарафи Аҳдкунанда дар муҳлати на зиёдтар аз 30 рӯзи корӣ аз рӯзи ворид гардидани дархост, хабар дода мешавад.

V. Муқаррароти хотимавӣ

Моддаи 11 Эътибор пайдо кардан, ворид намудани тағйирот ва қатъи амал

1. Созишномаи маъмурии мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатие, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, вале на пештар аз санаи эътибор пайдо кардани Шартнома эътибор пайдо мекунад ва ҳамзамон бо Шартнома қатъ мегардад.

2. Ба Созишномаи маъмурии мазкур бо роҳи баимзорасонии протоколҳои даҳддор метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

3. Баҳсу ихтилофоте, ки дар робита бо тафсир ва татбиқи Созишномаи маъмурии мазкур ба миён меоянд, бо роҳи гуфтушунид ва машваратҳои байни мақомоти ваколатдори Тарафҳои Аҳдкунанда ҳаллу фасл карда мешаванд.

Дар шаҳри ________"__"______ соли 20__ дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳарду матн эътибори якхела доранд. Барои мақсадҳои тафсири муқаррароти Созишномаи маъмурии мазкур матни русӣ истифода мешавад.

Аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ

ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз ҷониби Вазорати меҳнат

ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Россия