ДИРЕКТОР - ҲАЛИМЗОД АБДУРАҲМОН ДОСТӢ
Аз 21 январи соли 2025 дар мансаби директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 2 июни соли 1975
Ҷои таваллуд шаҳри Душанбе
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ
Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос иқтисодчӣ
Унвони илмӣ надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не ҳа бо медали «Хизмати шоиста» Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 августи соли 2018, №1080 мукофотонида шудааст, рутбаи тахассусии Мушовири давлатии дараҷаи 2 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2017, №973 сарфароз гардидааст, Нишони Аълочии молия бо Фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2022, №121 мукофотонида шуданд
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби чор фарзанд
| Солҳо | Кор ва фаъолияти собиқа |
| Солҳои 1992-1993 | Фаъолияти меҳнатӣ ба ҳайси коргар дар Иттиҳодияи истеҳсоли «Нафиса», шаҳри Душанбе оғоз намудааст |
| Солҳои 1993-1998 | Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси «иқтисодчӣ» хатм кардааст |
| Солҳои 1997-1998 | Мутахассиси дараҷаи дуюми хазинадории Шуъбаи молияи Ҳукумати Роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият намудааст |
| Солҳои 1998-2003 | Мутахассиси дараҷаи якуми хазинадории Шуъбаи молияи Ҳукумати Роҳи оҳани шаҳри Душанбе фаъолият намудааст |
| Солҳои 2003-2004 | Иҷрокунандаи вазифаи Сардори Шуъбаи молияи Ҳукумати Роҳи оҳани шаҳри Душанбе таъин гардидааст |
| Солҳои 2004-2006 | Сардори Шуъбаи молияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият намудааст |
| Солҳои 2006-2007 | Сардори Идораи молияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият намудааст |
| Солҳои 2007-2016 | Сардори Раёсати молияи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолият намудааст |
| Солҳои 2016-2019 | Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2016, №АП-734 дар вазифаи Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст |
| Солҳои 2019-2020 | Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 январи соли 2019, №12 дар вазифаи Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст |
| Солҳои 2020-2025 | Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 декабри соли 2020 Муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Мудири алтернативии Бонки ҷаҳонӣ аз 11 майи соли 2021, №АП-70, Мудири алтернативии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд аз 5 марти соли 2024, №АП-530 фаъолият намудааст. |
| Аз 21 январи соли 2025 то ҳол | Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2025, №53 Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид |