Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МУОВИНИ АВВАЛИ ДИРЕКТОР - ҚУРБОНЗОДА УСМОНАЛӢ ҚУРБОН

503


Соли таваллуд 27 июли соли 1983
Миллат тоҷик
Таҳсилот олӣ, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисос иқтисодиёти меҳнат хатм кардааст.

Солҳои 2005-2008 Коргари Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди «Интер-Фер» Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2008-2010 Муваққатан мутахассиси Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2010-2011 Мудири шуъбаи пардохти нафақаи Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2011-2012

Муовини сардори Раёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Ҳисор

Соли 2012 (04-05) Ҳамчун бекор дар шуғли аҳолии ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2012-2013 Муовини сардори Раёсат- сардори шуъбаи Раёсати Агентии давлати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2013-2014 Сармутахассиси Раёсати Агентии давлати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҳисор
Солҳои 2014-2020 Сармутахассиси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Ҳисор
Солҳои 2020(05-06) Сардори шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020(06-09) Муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи назорати таъин ва пардохти нафақавии Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андўхтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020(09-12) Муваққатан сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2021-2023 Сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2023-2025 Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Аз 2 майи соли 2025 то ҳол Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дигар хабарҳо: