Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ТАҚДИМИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ АЗ НОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

04 сентябр 2025, Панҷшанбе
39

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 25-уми августи соли 2025 дар Қасри миллат Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни фархундаи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супурданд.
Боиси хушнудӣ аст, ки дар қатори кормандони дигар соҳаҳо дар ин маросим, Музофирзода Аъзам Зарифбек, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Шодизода Маҳбуба Темур, сардори раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Хуҷанд барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.
Ҳамчунин, 4-юми сентябри соли равон зимни як ҳамоиши тантанавӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода барои фаъолияти босамар ба ду корманди Агентӣ – Муҳаммад Қурбонзода Абдулҳамид, сардори раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Қурбон Шарифзод Холмурод, сардори раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро супурд.


Зимни чорабинӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ҳозиронро ба ифтихори 34-солагии Ҷашни муқаддаси миллӣ – Истиқлоли давлатӣ ва ба муносибати сарфароз гардиданашон бо мукофоти давлатӣ самимона табрик намуданд.
Ба таъкиди Неъматулло Ҳикматуллозода истиқлолият неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузурги давлату миллати тоҷик аст. Он рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад. Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини шароити созгор барои кормандони соҳа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ҳамин аст, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 4 корманди Агентӣ бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз шуданд.
Дар арафаи Ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидани кормандони соҳа қадр гардидани хизмати содиқона ба халқи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аст.