Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР АГЕНТӢ МУҲИТИ ИДОНА ДОШТ

05 сентябр 2025, Ҷумъа
60

Ба хотири дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод, собиқадорони соҳа - Раҷабалӣ Дамонов, Назокат Одиназода, Меҳрубон Мирализода ва кормандони Агентӣ, чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.


Абдураҳмон Ҳалимзод дар суханронии худ тамоми иштирокчиёни чорабинии идонаро бо Ҷашни бузурги миллӣ табрику таҳният гуфта, дар ин лаҳзаҳои пурнишот ба халқи шарафманди ҷумҳурии азизамон, сари баланду неруи тоза ва комёбиҳои нав ба навро орзу намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки имсол аз ҳузури истиқлоли давлатии Тоҷикистон сию чор сол сипарӣ мешавад ва дар дарозои ин фосилаи на чандон тулонӣ дар назди таърих кишвари мо дар партави ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу шоиста мушарраф гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат кишвари азизи мо чун давлати соҳибистиқлолу миллӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуда, аз ҷониби беш аз 200 кишвари олам ба расмияти сиёсӣ шинохта шуд.

– Истиқлоли давлатӣ барои миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик дар давраи ду аср падидаи бемисл ва боазамати таърихӣ буда, воқеаҳои зиёди сарнавиштсозро дар бар мегирад. Тоҷикистони азизи мо маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории навин арзи ҳастӣ намуд. Истиқлол нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодати бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад, – гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Ҳамчунин, иштирокдорони чорабинӣ зимни суханронӣ роҷеъ ба дастовардҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар замони соҳибистиқлолӣ ва нақши истиқлол дар пешрафти Ватани азизамон изҳори назар намуданд.

Таъкид шуд, ки мардуми заҳматкашу сулҳпарвари тоҷик имрӯз дар фазои комили суботу амният, рушду шукуфоӣ зиндагӣ ва фаъолият намуда, бо арҷгузорӣ ва шинохти неъматҳои бузурги сулҳу оромӣ ба сӯи фардои боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Воқеан, ҳар гоҳ, ки мо аз сулҳу ваҳдат ёдовар мешавем, беихтиёр симои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар меояд. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо ҳисси баланди ватандорӣ бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва Ватани аҷдодии хешро ҳифз намоем.

Сипас, дар рафти чорабинӣ барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои сифатноки вазифаҳои хизматӣ, 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба 10 корманди пешсаф Сипосномаи Агентиисуғуртаииҷтимоӣва нафақа, инчунин, 101 кас рутбаи тахассусӣва ба 30 нафар туҳфаи моддӣ супурда шуд.