Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВУСЪАТ ЁФТАНИ ҲАМКОРИҲО БАЙНИ АГЕНТӢ ВА “АМОНАТБОНК”

15 сентябр 2025, Душанбе
45
15-уми сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд дар самти саривақт пардохт намудани нафақа ва хизматрасонӣ ба нафақагирон байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” шартнома “Дар бораи аз нав барасмият даровардани хизматрасониҳо ва ҳисоббаробаркуниҳои суратҳисоби бонкӣ бо пули миллӣ" аз ҷониби директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ ва раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Салимзода Алиҷон Абдуҷалол ба имзо расид.
Дар доираи ҳамкориҳо КВД Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба нафақагирон оиди гузаронидани амалиётҳои бонкӣ бо истифода аз кортҳои бонкии нафақавӣ барои ройгон истифода намудан, имкониятҳои зеринро фароҳам овардааст. Аз ҷумла:
- ройгон пайваст намудани кортҳои бонкӣ ба SMS – паёмак;
- ройгон пайваст намудани барномаи “Амонат мобайл”;
- хизматрасонии ройгон дар нуқтаҳои хизматрасони ва савдо ( дорухонаҳо, марказҳои савдо, муассисаҳои давлатӣ, нуқтаҳои фуруши сузишворӣ ва ғайро тавассути Пос терминал);
- ройгон пардохт намудани хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, маблағи тавақуфгоҳ, телефони мобилӣ, интернет ва хизматрасониҳои давлатӣ ва ғайра тавассути барномаи “Амонат мобайл”, инчунин тавассути Пос терминалҳо дар МХБ (зиёда аз 200 намуди хизматрасониҳо);
- гирифтани маблағҳои нақдӣ аз шабакаҳои терминалии низоми пардохти миллии “Корти миллӣ” (банкомат ва Пос терминалҳо);
- фаврият дар ҳолати ворид намудани маблағ ба суратҳисоби кортҳои бонкӣ ва пардохти хизматрасониҳои зикргардида;
- бархурдор (пайвастшавӣ) шудан аз қарзҳои овердрафтӣ;
- воридоти маблағ ба корт аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ.
Иқдоми мазкур ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-уми июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" мусоидат менамояд.