Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф 04.07.2025

04 июл 2025, Ҷумъа
15

4 июл дар шаҳри Ханкендии Ҷумҳурии Озарбойҷон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Саммити 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дидорро имкони хуби баррасии муносибатҳои ду давлат номиданд.

Ҳар ду ҷониб оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои мардумони ду кишвар манфиатдор табодули андеша намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи саммити иқтисодӣ баррасӣ гардид.