ИФТИТОҲИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА
![]()
Имрӯз, 17 ноябри соли 2025, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои мутахассисони пешбар ва мутахассисони сохторҳои маҳаллии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯи барномаи «Татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» оғоз гардид.
Дар маросими ифтитоҳи курс ноиби якум, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатӣ оид ба таълим – н.и.и. дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод, сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кенҷазода Мирзо ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Ҳамидзода Шоҳрух Бозор иштирок намуда, суханронӣ карданд.
Ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълим – н.и.и. дотсент Одиназода Фирдавс Ҷалил зикр кард, ки курси мазкур барои мутахассисони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа имкони фароҳам овардани донишу малакаҳои нав ва такмили касбии онҳо дар шароити ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ аҳамияти калон дорад. Мо итминон дорем, ки донишҳои ба дастоварда дар самти беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ самаранок хоҳад буд.
Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод зимни баромадаш қайд намуд, ки барои фаъолияти самараноки соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, такмили ихтисос ва омӯзиши усулҳои навини идоракунӣ аҳамияти калидӣ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ ва навгониҳои соҳа барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ҷорӣ карда шаванд.
Кенҷазода Мирзо мутазаккир шуд, ки сифати хизматрасонӣ дар мақомоти давлатӣ мустақиман ба малака ва донишҳои кормандон вобаста аст. Курси мазкур имконият медиҳад, ки кормандон бо қонунгузорӣ, меъёрҳои хизматӣ ва роҳҳои муосири идоракунӣ аз наздик шинос шаванд.
Мақсад аз баргузории курс такмили малакаҳои амалии мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи навини идоракунӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Мо умедворем, ки натиҷаҳои курси мазкур ба рушди касбии кормандон ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард - ёдовар шуд дар ҷараёни баромадаш Ҳамидзода Шоҳрух Бозор.
Дар ҷараёни машғулиятҳо ба шунавандагон масъалаҳои зерин пешниҳод мегарданд:
- Кодекси одоби хизматчии давлатӣ: риояи ахлоқи хизматӣ, меъёрҳои рафтор ва фарҳанги муоширати касбӣ;
- Психологияи муошират: муносибат бо шаҳрвандон, идоракунии ҳолатҳои мураккаб, усулҳои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ;
- Шарҳи Қонуни «Дар бораи хизмати давлатӣ»: ҳуқуқу уҳдадориҳо, муносибатҳои хизматӣ ва танзими меъёрии онҳо;
- Риояи қонунгузории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ: ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва таҷрибаҳои беҳтарин;
- Намунаҳои нафақа ва тартиби таъйин: шарҳи муфассали меъёрҳои амалкунанда, навгониҳои соҳа ва ҳуҷҷатгузории дуруст;
- Назорати идоракунии давлатӣ: системаи назорат, ваколатҳои мақомоти дахлдор ва механизмҳои татбиқи он;
- Равандҳои инноватсионӣ дар идоракунӣ: таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва роҳҳои ҷорӣ кардани технологияҳои муосир дар мақомоти давлатӣ;
- Баҳисобгирии иттилоотии суғуртаи иҷтимоӣ: имкониятҳои рақамисозӣ, коҳиши хатогиҳо ва баланд бардоштани самаранокӣ.
Барномаи омӯзишӣ 46 соатро дар бар гирифта, аз лексияҳои интерактивӣ, омӯзишҳои амаливу баҳсҳои касбӣ иборат мебошад.
Баргузории чунин курсҳо дар рушди касбии кормандон, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ аҳамияти бузург дорад.



