ИФТИХОРИ МАНУ МО
ҲИМОЯИ ПАРЧАМ БО ҲИФЗИ ВАТАН БАРОБАР АСТ
Парчами давлатиамон, ки рамзи Истиқлолияти давлатии кишвар асту таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидааст, бо парафшонии худ моро рӯҳбаланд сохта, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Имрӯз дар фазои софу ороми кишвари азизамон парафшонии Парчами давлатиро мебинему мутмаин мегардем ва низ умед мебандем, ки ояндаи ин давлату миллат дурахшон аст. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ роҳбалади Сарвари давлат буда, ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони миллат дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ боло мешавад.
Дар таърихи тамаддун ва фарҳанги ғанию қадима, бунёди давлат ва давлатдории тоҷикон парчам ва парчамдорӣ таърихи хеле ҷолиб, рангин ва тулонӣ дошта, он дар асотир, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори хаттии қадима, маъхазҳои таърихию адабӣ инъикос ёфтааст. Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши коваёнӣ» номид. Парчами миллии мо рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишвар ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат дониста мешавад.
Халқи тоҷик, ки дар замони Куруши Кабир соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда дирафшро ба миён овард. Дар асри V то милод ба вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш куҳантарин муродиф парчам буд. Пас аз инқилоби октябр ба силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ ворид гашт. Дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои байрақ, алам, ливо бартарӣ доранд. Аз сарчашмаҳо маълум гардидааст, ки умри он ба беш аз 6600 сол мерасад. Васфу сифаташ чун «Парчами коваёнӣ» дар китобҳои қадимии «Авасто» ва «Таърихи Табарӣ» омадааст. Абулқосим Фирдавсӣ низ аз ин парчам ва таърихи пайдоишаш дар «Шоҳнома» ёдовар мешавад. Ниёгони пуршарафи мо онро хуш ва бо зару зевар меоростаанд. Ин, албатта, аз садоқат ва нангу номуси ватандориашон шаҳодат медиҳад. Дар майдони корзор ба ҳангоми разм бар зидди душманонашон ҷон медодаанду парчамро аз даст намедодаанд. Агар ҳам дасташонро мебуриданд, онро ба дандонҳо мегирифтаанду нигоҳ медоштаанд.
Парчами миллӣ яке аз муқаддасотест, ки симои миллии давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ ин пос доштан ва ҳимояи Ватан, хонаводаву фарзандон ватаъриху суннатҳои халқу кишвари худ аст. Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути парчами он мешиносанд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ мебошад.
Парчамдориву парчамбардории халқи мо аз ибтидои тамаддуни башарӣ соҳиби рамзу нишони худ буданд. Бозёфтҳои таърихӣ, ҳафриёту навиштаҷот ва деворнигораҳои гуногун, ки то замони мо ба мерос расидаанд, далели ҳамин гуфтаҳост. Парчам дар раванди таърихи давлатдории тоҷикон мавқеи намоён дошта, ифодагари ҳадафу ҳиссиёти ифтихормандии миллат мебошад. Аз таърих маълум аст, ки рангҳои Парчами миллии тоҷикон чун дигар қавмҳои ориёинажод сурху сафеду сабз буд. Парчам дар раванди таърихи тоҷикон низ мавқеи намоён дошта, ифодагари ҳадафу ҳиссиёти ифтихормандии миллати мост. Аз таърих ба мо маълум аст, ки рангҳои парчами миллии тоҷикон чун дигар қавмҳои ориёинажод сурху сафеду сабз буд.
Дар парчам ва нишон хусусиятҳои хос, ба мисли анъана, таърих, боигарӣ ва ҳатто ҳадафи олии миллатҳо таҷассум меёбанд. Дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон ғайр аз парчами давлатӣ, инчунин парчамҳои ҳарбӣ - баҳрӣ ва тиҷоратиро дучор омадан мумкин аст. Парчам на фақат хоси муаррифии давлатҳо ба ҳисоб меравад, балки ифодагари нишонаҳои баъзе шаҳрҳои алоҳида, минтақа, ташкилот (ба мисли СММ), ширкатҳои тиҷоратӣ, ҳаракатҳои миллӣ, ҷамъиятӣ мебошад, ҳатто тимҳои варзишӣ низ парчами худро доранд.
Парчами давлатӣ нишонаи бақои миллат, давлату давлатдорӣ, ваҳдат ва ҳувияти миллӣ, ҳамзамон беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад. Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст. Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Парчам аз қадим то ба имрӯз ба як нишонаи муайян хизмат кардааст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз аввал ҳаммароми мардум буд. Дар замони муосир доштани Парчами миллӣ нишони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Ҷавонони неруманди тоҷик бо ҷасорату далерӣ ва ғурури миллӣ парчамбардори Ватан дар арсаи байналмилалӣ гардидаанд. Бо ташаббуси фарзандони фарзонаи миллат имрӯз Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ мешиносад. Маҳз ҳамин боис гардидааст, ки чанд маротиба Парчами миллии мо ба воситаи ҷавонони тоҷик дар хориҷи кишвар парафшон шавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Қобили зикр аст, ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олӣ Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатӣ шинохта шуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд. Минбаъд ҳамасола дар кишвар ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мегардад, ки нишона аз арҷгузорӣ ба гузаштаи хеш ва дар рӯҳияи худшиносӣ тарбия кардани насли наврас аст. Ба хотири баланд бардоштани мақому манзалати парчам дар рукни давлатдорӣ дар арафаи дуюмин солгарди Рӯзи Парчам сохтмони баландтарин парчами дунё оғоз ёфт ва баъди як сол дар маркази Душанбеи азиз парафшонӣ кард.
Ҳар сокини мамлакатамон ба ҷозиба, шукӯҳу неруи илҳомбахши Парчами давлатӣ эътимод намуда, нақшу таъсири онро дар бедор сохтану ангезиш додани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва садоқати ватандорӣ пураҳамият медонад ва аз ҳамин мавқеи фикрӣ кору амал намуда, иродатмандонаву собитқадамона дар ҷодаи азму талоши мулксозиву тараққиётгароӣ пеш меравад. Басо ҳақиқатнигорона хоҳад буд, агар гӯем, ки он ҳама дастовардҳои азим, пешрафтҳои бузургу таърихие, ки мо дар 34 – соли соҳибистиқлолӣ ноил гардидем, таҳти сарварии шуҷоатмандона ва оқилонаи Пешвои миллат ва зери партавфишонии Парчами серангаи давлатиамон ба воқеият табдил ёфтанд. Дар маросими ба истифода додани чархаи нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун» вақте ҷилои садҳо адад парчами болои сари бунёдгарони ин «кохи нур»-ро медидем, вуҷудамон саршори эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихор мегардид.
Бо дарки ҳамин маънӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд: “Мо таҳти ҳамин Парчам ба ваҳдати миллӣ расидем ва он ваҳдату ягонагии моро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагию бунёдкоронаамонро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум амалӣ мегардонем ва таҳти ҳамин ливо ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ месозем”.
Ба гунаи санаи алоҳидаи давлатӣ ҳамчун ҷашн таҷлил намудани Рӯзи Парчам гувоҳи барҳақ ба фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, маданияти ибратбахши сиёсӣ ва садоқати саршори ватанхоҳию меҳанпарастӣ аст. Чун ниёгонамон мо бояд Парчами миллиро дӯст бидорем ва пайи ҳифзашу пойдорияш ҳатто ҷонро дареғ надорем. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то имрӯз мебошад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад.
Моро мебояд, ки гуфтаҳои Роҳбари давлатро дар амал татбиқ намуда, аз Парчами миллии худ ифтихор дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории милливу истиқлолияти Ватан ва сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем. Чуноне мегӯянд, ҳимояи парчам бо ҳифзи Ватан баробар аст.
Дуову таманнои мо ин аст, ки «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!».
Кароматулло АТО
