РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Дар ҳама давру замон давлатдорон парчамро ҳамчун рамзи асосии давлатдорӣ мепиндоштанд ва чун сарҳад, забон, фарҳанг муқаддас меҳисобиданд. Имрӯз ҳам мо – мардуми сарбаланди тоҷик парчамро эҳтиром мегузорем ва ҳамасола 24-уми ноябр дар саросари Тоҷикистони азиз Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Ба ин хотир дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинии идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ, дар оғози чорабинӣ Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳозирин муборак гуфт. Таъкид гашт: “Вақте мо дар фазои амну осоиш Рӯзи Парчами давлатиро ҷашн мегирем ва онро бо ифтихор болои сар мебардорем, хотироти ҳар нафар ба таърихи парчамдорӣ, бахусус лаҳзаҳои қабули Парчами давлати соҳибистиқлоламон меравад, ки дар айёми нобасомониҳо иттифоқ афтода буд. Агар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо қабули қарорҳои санҷидашудааш дар таърихи давлатдории мо нақши сарнавиштсоз дорад, тасдиқ ва қабули Парчами давлатӣ дар ин анҷумани саодатофар аҳамияти таърихии онро боз ҳам меафзояд”.
Бояд гуфт, ки Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун маҳсуб меёбад. Парчам рамзи давлату давлатдорӣ буда, шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ раҳнамун месозад. Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши халқ барои сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад.
Сипас, баромадкунандаҳо моҳияти таърихиву фарҳангӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандориро ёдовар шуда иброз намуданд, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хориҷи кишвар, пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Рӯзи парчами давлатӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки садоқати беҳамтои худро нисбат ба миллату давлати хеш намоиш дода, баҳри ободию рушд ва тараққии рӯзафзуни ин диёри биҳиштосо ғайратмандона меҳнат намоянд.
