Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ЛИБОСИ МИЛЛӢ ТАҶАССУМГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

03 март 2026, Сешанбе
29

Аз 1-уми март то 31-уми майи соли 2026 аз тарафи Шӯрои занон ва бонувони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсус либоси зебои миллӣ, атласу адрас, чакан, баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ нақша-чорабиниҳо оид ба аксияи «Тоҷикона мепӯшем” тартиб дода шудааст.
Дар доираи ин иқдом сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентӣ бо доираи васеъи кормандон ҷаласа, вохӯрию суҳбат ва машваратҳои омӯзишӣ ба роҳ мондаанд.


3-юми марти соли 2026 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба фарҳанги либоспӯшӣ вохӯрӣ, баргузор гардид.
Зикр гардид, ки либоси миллӣ на танҳо як навъи пӯшиш, балки рамзи таърих, тамаддун ва ҳувияти миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Қобили зикр аст, ки соли 2018 чакани тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид, ки далели арзиши воло доштани либоси миллии мо мебошад. Арзиши атласу адрас низ, ки дар тӯли таърих вижагиву унсурҳои худро нигоҳ дошта, зеби ҳар бонуи тоҷик мебошад.
Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегӯянд.
Тавре сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сарвиноз Нозимзода, иброз дошт, солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст.
– "Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат буда, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Воқеан, либосҳои миллии мо хеле зебову шинам аст. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои гуногуни идона ба бар кардани либосҳои миллӣ аз тарафи занону духтарон шукӯҳу зебоиро афзун гардонда, фазои идонаро фараҳбахш мегардонанд", – гуфт Сарвиноз Нозимзода.
Дар идомаи вохӯрӣ раиси Шӯрои занон ва бонувони Агентӣ Мавзуна Одиназода тахкид кард, ки бонувони тоҷик дар ҳусну ҷамол ҳамто надоранд, аммо ҳангоми пӯшидани либосҳои зебои миллии тоҷикона ба ҳуснашон ҳусни дигар зам мегардад. Дар либоси миллии занону духтарони тоҷик як ҷаҳони маънию фарҳанги бузург ҷилва дорад ва бо ҳамин рангу ҷило онҳо дар ҷаҳон муаррифӣ шудаанд. Тaрғибу тaшвиқи либоси миллӣ, чун ҷузъи aсосии фaрҳaнг дaр руҳияи вaтaндӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносию худогоҳии нaсли ҷaвон нaқши созгор мегузорад.
Бонувонро зарур аст, дар қатори дигар ҳунарҳои мардумӣ либосҳои миллиеро, ки таърихи қадима доранд, бо тамоми зебоияш муаррифӣ намоянд ва ба наслҳои оянда мерос гузоранд.