Э Ъ Л О Н!

РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1.Сармутахассиси бахши тарҳрезии буҷети Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 1 ҷой;
2. Сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 1 ҷой;
3.Сармутахассиси шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
4.Сармутахассиси шуъбаи таъини қисми андухти нафақаҳои суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
5. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 1 ҷой;
6.Сармутахассиси бахши коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан-1 ҷой;
7.Сармутахассиси шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан -1 ҷой;
8.Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон - 1 ҷой;
9. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом - 1 ҷой;
10.Сармутахассиси бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом - 1 ҷой;
11.Сармутахассиси бахши кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
12. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон –- 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд ва Истаравшан, Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Бустон, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Шаҳристон ба танзим медароранд;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Маоши мансаби сармутахассисони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд 1995,20 сомонӣ , сармутахассиси ММБИ-и дар шаҳри Хуҷанд, Истаравшан 1902,40 сомонӣ, сармутахассисони Раёсати Агентӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 1809,60 сомонӣ, сармутахассисони Раёсати Агентӣ дар шаҳри Конибодом, Шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Бустон ва ноҳияи Шаҳристон 1809,60 ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
13.Мутахассиси пешбари шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд - 1 ҷой;
14. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд -1 ҷой
15. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ ва бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан -1 ҷой;
16. Мутахассиси пешбари шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан - 1 ҷой;
17. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ - 1 ҷой;
18.Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен - 1 ҷой;
19.Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
20.Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой;
21.Мутахассиси пешбари бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ - 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби мутахассиси пешбар:
-таҳсилоти олии иқтисодӣ;
-1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан ва Раёсатҳои Агентӣ дар вилояти Суғд, Спитамен, шуъба ва бахши Агентӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, Айнӣ ва Мастчоҳ ба танзим медароранд;
Маоши мансабӣ мутахассисони пешбари ММБИ дар шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, 1554,40 сомонӣ, мутахассиси пешбари РАСИН-и шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан 1554,40 сомонӣ, мутахассиси пешбари РАСИН-и ноҳияи Мастчоҳ ва Спитамен – 1484,80 ва иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
22. Мутахассиси шуъбаи бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
23. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва нигоҳдории аснодҳои нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Хуҷанд - 1 ҷой;
24.Мутахассиси бахши таъини қисми андӯхти нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Истаравшан - 1 ҷой;
25.Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ -1 ҷой;
26. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич - 1ҷой;
27.Мутахассиси бахши таъини қисми андӯхти нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии дар шаҳри Панҷакент -1 ҷой.
28. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 1 ҷой.
29. Мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан- 1 ҷой;
30. Мутахассиси бахши кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом - 1 ҷой;
Талаботи тахассусӣ барои довталабон, ба мансаби мутахассис:
-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии иқтисодӣ;
-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, Раёсатҳо ва Шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент, Деваштич, Айнӣ, Конибодом ва Куҳистони Мастчоҳро ба танзим медарорад;
Маоши мансабӣ мутахассиси ММБИ шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан, 1276,00 сомонӣ, Раёсатҳо ва Шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Деваштич, Айнӣ, Куҳистони Мастчоҳ 1276,00 сомонӣ иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.
Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:
-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд;
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
- Шарҳи ҳол;
-нусхаи шиноснома;
-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);
-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;
-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.
НИШОНИИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО:
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ №120, ошёнаи 3, утоқи бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва корҳои махсуси Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вилояти Суғд, телефон ва факс 6-58-03, суроғаи электронӣ rasin.kadr@yandex.ru

