Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ГУЗОРИШ АЗ ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ АУДИТИ ДОХИЛӢ ВА НАЗОРАТИ МОЛИЯВӢ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

01 май 2026, Ҷумъа
13
Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молияви Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиш аз 8.04.2026 сол, №ф-13 дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳалаи дуюм (солҳои 2026-2030) дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026, дар асоси банди 12 нақшаи чорабини оид ба нашр расондани маълумот оид ба натиҷаҳои тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва аудит дар воситаҳои ахбори омма ва ё сомонаҳои расмӣ тибқи тартиби муқарраргардида (банди 52).
Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ», қонунҳои соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентӣ, Низомномаи Раёсати мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба роҳ мондааст.
Баҳри пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои таъини нодурусти нафақа, пардохти барзиёди нафақа ва андӯхти нафақавӣ, маблағҳои пас аз фавти нафақагир аз тарафи ворисон гирифташуда, маблағҳои нафақагирони кӯчбаста, ки дар ду ҷой нафақа гирифтаанд, маблағҳои кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, инчунин ҷиҳати барқарорсозии қарзҳои пешинаи андози иҷтимоӣ, таъсиррасонӣ ба ҳолатҳои ҳуқувайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахсони масъули ташкилоту муассисаҳо Протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар ҳолатҳо, мувофиқи Нақшаи санҷишҳои аудитории Раёсат барои нимсолаи якуми соли 2026 дар 15 Раёсату шуъбаҳо ва ММБИ-и Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ санҷишу таҳлилҳои аудиторӣ гузаронд.
Дар натиҷа дар семоҳаи якуми соли равон 565,7 ҳазор сомонӣ камбудиҳо ошкор гардида, то 1-уми апрел 373,3 ҳазор сомонӣ (66%-и) он ба буҷети Агентӣ барқарор шуд. Аз ҷумла, дар 43 ҳолат аз ҳисоби таъини нодуруст ва пардохти барзиёди нафақа ва андӯхти нафақавӣ ба маблағи 186,8 ҳазор сомонӣ ошкор гашт, ки 63,7 ҳазор сомонӣ (34%-и) он барқарор гарид. Аз ин аз ҳисоби кӯмакпулӣ барои санаторӣ-курортии 1,5%, дар 36 ҳолат ба маблағи 215,6 ҳазор сомонӣ ошкор шуда, аз ин 213,2 ҳазор сомонӣ (99%) барқарор гашт.
Ҳамзамон, оид ба кам намудани бақияи қарзҳои пешинаи андози иҷтимоии 2% ва 1%, аз ҳисоби 67 ташкиллоту муассиса ба маблағи 508,6 ҳазор сомонӣ барқарор шуд.
Илова бар ин, нисбат ба 21 кормандони масъули ташкилоту муассисаҳои буҷети ва ғайрибуҷетӣ, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи 17,9 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин гарида, 15,6 ҳазор сомонӣ (87%) ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёнтикол ёфт.
Аъзам ҲАБИБЗОДА,
сардори раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии АСИН