Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВОКУНИШ

02 май 2026, Шанбе
33


Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матлаби Zamira Nabievaро дар хусуси гирифтани нафақаи имтиёзнок ҳамчун модари фарзанди маъюб аз 50-солагӣ, ки 28-уми апрели соли 2026 дар саҳифаи фейсбукии худ
нашр намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Ёдрас мешавем, ки шаҳрванд Замира Набиева соли таваллудаш 31-уми июли соли 1971, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ, хонаи 61б, ҳ.47 дар саҳифаи фейсбукиаш матлаберо дар хусуси гирифтани нафақаи имтиёзнок ҳангоми доштани фарзанди маъюб аз синни 50-солагӣ ба нашр расонда, ба номи мақомоти давлатӣ ва хидматчии давлатӣ исён овардааст. Матлаб хусусияти иғвоангезона дошта, боиси нороҳатии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва аҳли ҷомеа гардидааст.
Дар матни матлаби болозикр дарҷ шудааст, ки номбурда беш аз 6 моҳ барои таъин намудани нафақа ба идораи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат намуда, танҳо пас аз муроҷиаташ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 5 рӯз ба ӯ нафақа барои доштани фарзанди маъюб таъин намудаанд.
Ҳамчунин, Набиева Замира зикр доштааст, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” заноне, ки фарзанди маъюбро ба воя мерасонанд дар сурати доштани собиқаи на кам аз 240 моҳ ҳуқуқи баромадани нафақаро аз 50-солагӣ доранд. Аммо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактуби ҷавобӣ ба Қонуни мазкур такя накарда, асосҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро инъикос намудааст.
Бояд зикр намуд, ки тибқи банди в) моддаи 15-и Қонуни мазкур заноне, ки панҷ ва беш аз ин кӯдак зоида, онҳоро то ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва модарони ашхоси аз кӯдакӣ маъюб, ки онҳоро то ин синну сол тарбия кардаанд, пас аз расидан ба синни 50 ва дар мавриди доштани собиқаи кории на кам аз 20 сол, бо назардошти муҳлати нигоҳубини кӯдакон ё дар мавриди доштани собиқаи кории на камтар аз 15 сол, бе назардошти муҳлати зикргардидаи нигоҳубини кӯдакон ба нафақа ҳуқуқ доранд. Ҳоло маъюбони то 18-сола, ки ҳуқуқи гирифтани нафақаи иҷтимоӣ доранд, ҳамчунин ба ҷумлаи шахсони аз кӯдаки маъюб мансуб мебошанд (бо тағйиру иловаҳо аз 16.04.2012 № 823). Илова бар ин, дар сархати охири моддаи мазкур омадааст, ки аз 1 июли соли 2001 сар карда то 1 июли соли 2003 синну сол барои ба нафақа баромадан ҳар сол 1 сол баланд бардошта мешавад. Яъне, ба ин гуна ашхос барои баромадан ба нафақаи имтиёзнок дар соли 2003 аз 53-солагӣ ба инобат гирифта мешавад.
Дар як вақт, тибқи талаботи банди д) қисми 3. моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд.
Дар мавриди он, ки Агентӣ ба шаҳрванд асос Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ”-ро манзур намудааст, ин дар он ифода меёбад, ки Қонуни мазкур 12-уми январи соли 2010, №595 қабул гардида, таъини нафақа тибқи меъёрҳон он аз соли 2013 инҷониб амал мекунад.
Тибқи талаботи қисми 3-и моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкид шуда бошад, ки ягон меъёри ҳуқуқии он дар асоси санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ татбиқ карда мешавад, пас ин меъёр мутобиқи санади меъёрии ҳуқуқии асосӣ ва иловагӣ татбиқ карда мешавад. То қабул кардани санади меъёрии ҳуқуқии иловагӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳои дахлдорро қаблан ба танзим медароварданд ва беэътибор дониста нашудаанд, дар қисмати ба санади меъёрии ҳуқуқии нав мухолифатнадошта амал мекунанд. Яъне, дар сурати мавҷуд будани меъёри асосӣ дар санади нав қабул гардида амал карда, дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳо дар санади нав меъёри санади қаблан қабулгардида, агар аз эътибор соқит дониста нашуда бошад ба инобат гирифта мешавад. Ин ҷо дар ҳар ду маврид қонунгузорӣ барои баромадан ба нафақаи имтиёзнокро ҳангоми доштани фарзанди маъюб аз 53-солагӣ муайян намудааст.
Вобаста ба ҳолате, ки гӯё нафақагир Замира Набиева 6 моҳ қабл ба идораи Агентӣ дар хусуси таъини нафақа муроҷиат карда бошаду танҳо пас аз муроҷиат карданаш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба ӯ дар муҳлати 5 рӯз нафақа таъин гардидааст, чунин иброз медорем, ки ин суханҳо асоси воқеъӣ надошта, танҳо иғво асту халос.
Аз маводҳои ҷамъовардашуда ва таҳлили масъала муайян карда шуд, ки Замира Набиева расман 12-уми марти соли 2026 ба раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ барои гирифтани нафақаи маъюбии фарзандаш муроҷиат намуда, то ин дам 5-ноябри соли 2025 танҳо барои муайян намудани собиқаи меҳнатиаш, ки оё ҳуқуқи гирифтани нафақаро дорад, ғайрирасмӣ муроҷиат намудааст. Кормандони раёсати Агентӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз рӯи одоб ва фарҳанги одамгарӣ ҷиҳати муайян намудани собиқаи меҳнатиаш ба Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда, 14-уми ноябри соли 2025 тибқи маълумоти ММБИ-и шаҳри Душанбе муайян менамоянд, ки собиқаи ӯ беш аз 240 моҳро ташкил медиҳад ва ӯ ҳуқуқи гирифтани нафақаро дорад.
Вобаста ба онки шаҳрванд 12-марти соли 2026 расман муроҷиат намудааст, бар он асоснок карда мешавад, ки аризаи ӯ дар ин сана навишта шуда, ҳамчунин маълумотнома дар хусуси ҷои зисташ аз ҷониби Муассисаи нозироти минтақавӣ “Идоракунӣ ва хизматрасонии фонди манзили”-и №5 низ дар ҳамин рӯз дода шудааст.
Илова бар ин, Набиева Замира 18-уми марти соли 2026 бо гузашти ҳамагӣ 6 рӯз дар хусуси поймол гардидани ҳуқуқҳояш ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, иброз доштааст, ки дар идораи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ чӣ кормандон ва чӣ сардораш дониши кофии соҳавӣ надошта, ҳуқуқҳои маро ҳамчун модари фарзанди маъюб табъиз менамоянд ва ин ҳолат беш аз якуним сол аст, ки давом мекунад.
Хотирнишон менамоем, ки мактуби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Агентӣ 2-юми апрели соли 2026 ворид гардида, дар ин муддат, аллакай аз 12-уми марти соли 2026 санаи 3-уми апрели соли 2026 музди меҳнати шаҳрванд тасдиқ шуда, маводҳо барои баррасии минбаъда ба ММБИ-и Агентӣ манзур гардида буд. Яъне, муроҷиати мазкур дар доираи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” пурра баррасӣ шудааст. Дар ин асно, Агентӣ дар мактуби ҷавобии худ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иброз намудааст, ки таъини нафақаи шаҳрванд тибқи талабот ба расмият дароварда шуда, аз 12-уми марти соли 2026 ба ӯ нафақа таъин гардидааст.
Дар хусуси он, ки дар низоми Агентӣ ашхоси бе донистани қонунгузории соҳавӣ фаъолият доранд, ин иснод овардан ба номи хидматчии давлатӣ мебошад, ҳол он ки дар низоми Агентӣ ашхосе фаъолият доранд, ки собиқаи беш аз 30-сола дошта, дар мураттабсозии қонунгузории соҳа бевосита иштирок намудаанд.
Қобили таъкид аст, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон бевосита аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ, бахусус директори Агентӣ, қабул карда шуда, муроҷиатҳояшон тибқи талаботи қонунгузорӣ қонеъ карда мешаванд. Инчунин, дар Агентӣ Маркази тамос бо рақамҳои кутоҳи 3900 фаъолият дорад, ки ҳамарӯза ба шаҳрвандон вобаста ба ҳоҷаташон аз ҷониби мутахассисони касбӣ хидматрасонӣ менамоянд.
Аммо шаҳрванд Набиева Замира боре ҳам расман ва ё тавассути Маркази тамос бо Агентӣ муроҷиат накарда, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе далелҳои асоснок ва паст задану иснод овардан ба номи мақомоти давлатӣ муроҷиат намудааст, ки ин амал шоистаи хислати инсонӣ набуда, аз фарҳанги паст ва иғвоангезонаи инсонӣ гувоҳӣ медиҳад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш менамоем, ки ба чунин матлабҳои беасос дода нашуда, аз навиштани ҳар гуна ангезаҳо худдорӣ намуда, танҳо аз манбаъҳои расмӣ истифода намоянд. Зеро қонунгузории кишвар барои таҳқири шахси мансабдор ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст.
Ҳамчунин, дар сурати пайдо гардидани монеагӣ ва ё саволҳои иловагӣ зимни ба расмиятдарории асноди нафақавӣ мустақиман ба Маркази тамоси Агентӣ ва ё қабули роҳбарияти Агентӣ муроҷиат намоянд.
Дар сурати такроран навиштани чунин матлабҳо Агентӣ лозим мешуморад ба мақомоти дахлдор ва ё суд барои андешидани чораҳои қонунӣ муроҷиат намояд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон