БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ МАҶОЗӢ
Имрӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд.
Дар ҷаласа директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ, муовини аввали директор Усмоналӣ Қурбонзода Қурбон, муовини директор Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар вилояти Суғд ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
