Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ЯК ВОХӮРИИ МУҲИМ

08 май 2026, Ҷумъа
9



Чанде пеш дар раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои банди 4-и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва иттилоотонии онҳо аз оқибатҳои зарраровари коррупсия бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгохи марказии Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва зерсохторҳои он бо кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсат Рузиҷон Рафизода, капитани адлия, нозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсат Комрон Нуриддинзода вохӯрӣ баргузор гардид.

Тавре таъкид шуд, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама, ба заминаҳои ҳуқуқии мустаҳкам такя мекунад, ки дар қонунгузории миллӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Барои муқовимат ба коррупсия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ин падидаи номатлубро ташаккул дода, онҳоро мунтазам такмил медиҳад. Яке аз санадҳои асосии ҳуқуқӣ дар самти мубориза ба коррупсия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» мебошад. Қонуни мазкур аз 7-уми августи соли 2020, №1714 дар таҳрири нав қабул гардида, принсип, шакл ва усулҳои асосии муқовимат ба коррупсияро муайян менамояд, фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдорро дар ин самт танзим мекунад. Дар баробари ин, Қонун уҳдадориҳои шаҳрвандон ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар пешгирии амалҳои коррупсионӣ муқаррар менамояд.
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи ахлоқии онҳо низ метавонад дар пешгирии коррупсия нақши муҳим дошта бошад. Таҷриба собит менамояд, ки агар шаҳрвандон ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро хуб донанд ва риоя кунанд, метавонанд ба амалҳои ғайриқонунӣ муқовимат намоянд ва дар ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа саҳм гузоранд. Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.
Гарчанде мубориза ба коррупсия вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа маҳсуб ёбад ҳам, он ҳамкории ҳамаи қишрҳои иҷтимоиро талаб менамояд. Маҳз дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар пешгирӣ ва ошкор кардани амалҳои коррупсионӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.