ҲАМОИШИ КОРӢ АТРОФИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод ҷамъомади корӣ баргузор гардид.
Дар рафти ҳамоиш масъалаҳои муҳими марбут ба Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳалаи дуюм (солҳои 2026–2030), инчунин, оқибатҳои манфии кирдорҳои коррупсионӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- "Коррупсия дар радифи дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, амaлҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба рушди иқтисодиёт ва эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд.
Бо ба назар гирифтани суханҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид: “Коррупсия эътимоди мардумро ба давлат коста гардонда, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”, - зимни суханронӣ зикр намуд Абдураҳмон Ҳалимзод. Дар ин замина, зарурати истифодаи усулҳои муосири пешгирӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон ва ҷомеа муҳим арзёбӣ гардид.
Зикр шуд, ки баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҷорӣ намудани механизмҳои муассири зиддикоррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими низоми суғурта ба ҳисоб мераванд.
Дар идомаи чорабинӣ баромадкунандаҳо оид ба ҷамъбаст ва натиҷаҳои марҳалаи якуми Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1145 аз 6-уми марти соли 2026, нақшаи чорабиниҳои марҳалаи дуюми амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва тадбирҳои амалии пешгирии омилҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.
Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки муқовимат ба коррупсия барои ҳар як ниҳоди давлатӣ, бахусус барои соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, аҳамияти аввалиндараҷа дорад, зеро шаффофияти амалиётҳо, риояи қонунгузорӣ ва назорати самараноки дохилӣ заминаи асосии эътимоди ҷомеа ва суботи молиявӣ мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионӣ, масъулияти шахсӣ ва роҳ надодан ба ҳар гуна омилҳои коррупсионӣ аз вазифаҳои муҳими кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба шумор меравад.
