ТАНЗИМ. АЗ БАРАКАТИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ РӮЗГОРИ МАРДУМ ОБОД МЕШАВАД
Моҳи июни соли равон аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 18 сол пур мешавад. Ҷараёни иҷрои Қонун дар ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятии танзими ҷашну маросими Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба иҷрои талаботи Қонуни мазкур мавриди баррасиву таҳлил қарор гирифт.
Таъкид шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, воқеан дар таърихи қонунгузории кишвар иқдоми бемисл мебошад. Вақт ҳамчун довари бузург собит сохт, ки қабули чунин як қонун воқеан хирадмандона буда, на танҳо ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд, балки дар шароити тезу тунди ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ манфиатҳои мардуми кишварро дар доираи арзишҳои миллӣ, динӣ ва башарӣ ба таври назаррас ҳифз кард ва ба яке аз дардҳои куҳнаи иҷтимоӣ даво бахшид.
Қурбонзода Усмоналӣ, муовини якуми директори Агентӣ зимни баромад гуфт, ки мақсад аз қабули Қонуни мазкур ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, баҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии оинҳои бегона ва ғайримиллӣ, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
- Таҳлилҳои ҳисоботи расмӣ ва мушоҳидаҳо собитгари онанд, ки қабули ин Қонун натиҷаҳои мусбат додааст. Бо мурури замон расму оинҳои нолозиму хурофотпарастонаи зараровар аз байн рафта истодаву маблағҳои зиёд ба манфиати мардум сарфа мегарданд, харҷи мардум барои баргузор намудани анъана ва ҷашну маросим то дараҷае камтар ба назар мерасад. Аз ҳама муҳим, сол ба сол сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поён рафта, вазъи зиндагии иҷтимоии аҳолӣ беҳтар мегардад. Ҳоло ҳар нафаре, ки барои гузарондани ҷашну маросим имконияти молиявӣ ва моддӣ надорад, бе хиҷолатмандӣ ба талаботи ин Қонун такя карда метавонад ва аз он истиқбол менамояд, - иброз дошт Самандар Исмоилзода, муовини сардори раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентӣ.
