НЕРУИ БАРҚ. ДАР АГЕНТӢ АҲАМИЯТИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНГУЗОРИРО ТАВЗЕҲ ДОДАНД
Яке аз омилҳои асосии рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат, инчунин фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, бо неруи барқи доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ба шумор меравад, ки Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо ҳамарӯза тадбир меандешад.
Ин нукта 5-уми июни соли равон дар ҷаласае, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ доир гардид, баён шуд.
Усмоналӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни ин масъала суханронӣ намуда, аҳамияти муҳими ҳаётӣ доштани истифодаи оқилонаю сарфакоронаи неруи барқро таъкид кард.
Зикр шуд, ки иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгарӣ дар самти истифодаи нодурусти неруи барқро пурзӯр менамоянд, дар шароити феълӣ аҳамияти калидӣ дошта, барои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ нақши бориз мегузоранд.
Дар бастагӣ ба ин масъала, муовини сардори раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентӣ Самандар Исмоилзода моҳияти иловаҳоро шарҳ дода, даъват кард, ки зарур аст, то дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳар нафар саҳми фаъол гузорад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ, ки 25-уми апрел дар Қасри миллат бо иштироки масъулони сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика доир гардид, таъкид намуданд, ки талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар мамлакат ташвишовар мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳиму ногузир арзёбӣ намуданд. Дар иртибот ба ин, Роҳбари давлат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа, ба сокинони мамлакат моҳияти муқаррароти қонунгузории нав барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ фаҳмонда шавад.
Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзӯр шудааст. Аз ҷумла, ҷавобгарии ҷиноятӣ бо маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст. Бо ин мақсад, дар кишвар Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
– Мақсади вохӯрӣ ва ҷамъомади имрӯза аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванд, сардори оила, инчунин шахсони мансабдор ва дигар истифодабарандагони қувваи барқ аз қабул гардидани иловаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор гашта, талаботи нави қонунгузории аз 15-уми апрел амалкунандаро, ки расман шинос шудаанд, қатъӣ риоя намоянд ва ба қонунвайронкунӣ роҳ надода, ҳаққи истифодаи қувваи барқро сари вақт пардохт намоянд, таъкид шуд дар ҷаласа.