ТАЪЗИЯ

Роҳбарият ва аҳли кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба марги нобаҳангоми арбоби давлатии тоҷик, собиқ Вазири молия ва собиқ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
НАҶМУДДИНОВ САФАРАЛӢ МАХСУДДИНОВИЧ
бо андуҳи зиёд изҳори тасаллият намуда, дар ин рӯзҳои вазнину сангин ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқи худро изҳор менамоянд.
Худованд рӯҳу равонашро шод гардонад.
