Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа

18 июл 2025, Ҷумъа
101

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" фармон медиҳам:

1. Лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа маъқул дониста шавад.

2. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи мазкурро аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Шартномаи мазкурро бо ҷониби Россия мувофиқа намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе

24 августи соли 2021, № 240

Шартнома

байни ҶумҳурииТоҷикистонва Федератсияи Россия

оид ба ҳамкорӣдарсоҳаи таъмини нафақа

ҶумҳурииТоҷикистонва Федератсияи Россия, ки минбаъд Тарафҳои аҳдкунанда номида мешаванд,

бо роҳбарӣ ба хоҳишиумқияти муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ва рушди ҳамкорӣдарсоҳаи таъмини нафақа,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Фасли I

Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1

Мафҳумҳо

1. Барои мақсадҳои Шартномаи мазкур мафҳумҳои зерин чунин маъноро ифода мекунанд:

1) «қонунгузорӣ» - қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тарафҳои аҳдкунанда, ки муносибатҳои дар моддаи 2 Шартнома пешбинишударо танзим мекунанд;

2) «мақомоти ваколатдор» - мақомоте, ки барои муайян кардани тартиби татбиқгардонии Шартномаи мазкур дар ҳудуди Тарафиаҳдкунандаи дахлдор ваколатдор ва бо ҳайсионэътирофшудааст:

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Агентии суғуртаи иҷтимоӣванафақаи назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон;

дар Федератсияи Россия - Вазорати меҳнатваҳифзииҷтимоииФедератсияи Россия.

3) «муассисаҳои салоҳиятдор» - муассисаҳои Тарафҳои аҳдкунанда, ки ба зиммаи онҳо татбиқиқонунгузорӣ вобаста ба он, ки дар муқаррароти моддаи 2 Шартномаи мазкур пешбинї шудааст, вогузор гардидааст;

4) «шахси суғурташуда» - шахсе, ки мутобиқи қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда чунин эътироф шудааст;

5) «узви оила» - шахсе, ки мутобиқи қонунгузории Тарафҳоиаҳдкунанда чунин муайян ё эътироф шудааст;

6) «ҷойи истиқомат (ҷойи сукунат)» - маҳалли истиқомати доимӣёмуваққатӣ бо асосҳоиқонунӣдар њудуди Тарафҳои аҳдкунанда, ки бо қонунгузории онҳо ҳамчунин муайян ё эътироф карда мешавад;

7) «собиқаи суғуртавӣ» - давраҳои корӣва (ё)дигарфаъолият, ки барои онҳо саҳмҳои суғуртавӣҳисоб ва пардохт шудаанд, инчунин дигар давраҳое, ки мутобиқиқонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа ва ҳисоб кардани андозаи он ба ҳисоб гирифта шудаанд;

8) «нафақањо ва кумакпулї» - пардохтҳои пулӣ, кидармоддаи 2 Шартномаи мазкур нишон дода шудаанд ва дар қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда пешбинӣшудаанд.

2. Мафҳумҳои дигари дар Шартномаи мазкур истифодашаванда, дорои маъноҳое мебошанд, ки бо қонунгузории Тарафи аҳдкунандаи дахлдор ба онҳододашудааст.

Моддаи 2

Доираи татбиқ

1. Шартномаи мазкур ба муносибатҳое дахл дорад, ки бо қонунгузории соҳаи таъмини нафақаи ҳар ду Тарафҳои аҳдкунанда танзим мешаванд, аз ҷумла:

1) дар ҶумҳурииТоҷикистон:

- нафақаисуғуртавӣаз рӯи синну сол, нафақаисуғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ, нафақаисуғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон;

- қисми андӯхтии нафақаҳоисуғуртавӣазрӯи синну сол ва маъюбӣ;

- нафақаҳоидавлатӣ;

- иловапулиҳобанафақаҳоисуғуртавӣвадавлатӣ;

- кумакпулӣ барои дафн.

2) дар Федератсияи Россия:

- нафақаисуғуртавӣазрӯи пиронсолӣ, нафақаисуғуртавӣазрӯи маъюбӣ, нафақаисуғуртавӣазрӯи маҳрум шудан аз саробон, инчунин пардохти муқарраргардида ба нафақаи суғуртавӣ, баланд бардоштан ва (ё) зиёд кардани пардохти муқарраршуда ба нафақаи суғуртавӣ ва иловапулї банафақаисуғуртавӣ, агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣнашудабошад;

- андӯхти нафақавӣвадигарпардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андӯхти нафақавӣ;

- нафақаҳои иҷтимоӣ;

- кумакпулии иҷтимоӣбароидафн;

- иловапулиҳои иҷтимоӣ (федералӣёминтақавӣ) банафақа.

2. Шартномаи мазкур нисбат ба муносибатҳое дахл дорад, ки бо қонунгузории ҳар яке аз Тарафҳои аҳдкунанда оид ба пардохти суғуртавӣбарои таъмини нафақа, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудааст, танзим мегарданд.

3. Шартномаи мазкур ҳамчунин ба муносибатҳое дахл дорад, ки бо қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда оид ба таъмини нафақа ба танзим дароварда мешаванд ва муқаррароти дар қисми 1 ҳамин модда овардашударо тағйир медиҳанд ё илова мекунанд, ба истиснои қонунгузорие, ки доираи шахсонро васеъ мекунад, инчунин намудҳои нави таъминоти нафақа (суғурта)-ро муқаррар мекунад, агар Тарафҳои аҳдкунанда тартиби дигареро пешбинӣнакардабошанд.

Моддаи 3

Доираи шахсон

Шартномаи мазкур нисбат ба шахсони суғурташудае татбиқ карда мешавад, ки ҳамзамон ба шартҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

1) шаҳрвандони яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бошанд;

2) таҳти амали қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё дошта бошанд.

Амали Шартномаи мазкур инчунин ба аъзои оилаи шахсони зикршудае, ки таҳти амали қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда қарор гирифта буданд ё доранд, татбиқмегардад.

Моддаи 4

Ҳуқуқҳои баробар

Агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре муайян нашудабошад, шахсонизериндардавраи дар ҳудуди яке аз Тарафҳои аҳдкунанда сукунат доштан, мисли шаҳрвандони ҳамин Тарафи аҳдкунанда, ҳуқуқу уҳдадориҳои баробарро, ки дар моддаи 2 Шартномаи мазкур пешбинӣшудаанд,доро мебошанд:

1) шаҳрвандони Тарафи аҳдкунандаи дигар;

2) гурезањо дар доираи мақоми муайянкардаи Конвенсия дар бораи мақоми гурезаҳо аз 28 июли соли 1951 ва Протокол марбут ба мақоми гурезаҳо аз 31 январи соли 1967;

3) аъзои оилаи шахсони дар бандҳои 1-2 ҳамин модда зикршуда.

Моддаи 5

Муқаррароти умумӣ дар бораи пардохти нафақа

1. Бо аризаи шахси суғурташуда нафақаҳои таъиншуда метавонанд ба шахс дар ҳудуди Тарафи аҳдкунандае, ки онҳоро таъин кардааст, пардохт гардад ва ё ба ҳудуди Тарафҳои дигари аҳдкунанда интиқол дода шавад.

2. Агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣнашудабошад, нафақаҳои аз ҷониби Тарафҳои аҳдкунанда таъиншуда ва пардохтшаванда, бинобар истиқомати шахси суғурташуда дар ҳудуди Тарафи дигари аҳдкунанда ё дар ҳудуди давлати сеюм, набояд кам, боздошт ва ё қатъ карда шаванд.

3. Ҳангомиазҳудуди яке аз Тарафи аҳдкунанда ба ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда ё ҳудуди давлати сеюм барои сукунат кӯчидани шахси суғурташудае, ки ба ӯ нафақа, аз ҷумлапардохтпулиҳоваиловапулиҳои ба нафақамуқарраршуда таъин карда шудааст, пардохти онҳо, аз ҷониби Тарафи аҳдкунандае, ки онро таъин кардааст, идома дода мешавад.

4. Ҳангоми кӯчидани шахси суғурташуда ба ҷойи сукунати доимӣдардавлатисеюм, пардохтинафақаи ба ӯ таъингардида бо интихоби ӯ, аз ҷониби Тарафи аҳдкунандаи нафақаро таъинкарда идома дода мешавад, ё ин ки дар ҳудуди Тарафи аҳдкунанда пардохт мегардад ва ё ба ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда интиқол дода мешавад.

5. Муқаррароти ќисмҳои 1- 4 ин модда дар мавридҳои зерин татбиқ намегардад:

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар мавриди истифодаи коэффитсиентҳои ноҳиявӣбанафақаҳои ҳадди ақал ва нафақаҳои заминавӣ, кибо дарназардошти ҷойи зист, ҳамчунин иловапулиҳои муқарраргардида ба нафақаҳои суғуртавӣва давлатӣ, таъин мегарданд;

- дар Федератсияи Россия - барои пардохти шакли муқарраргардидабанафақаисуғуртавӣ, қадркарданиҳуқуқҳоинафақавӣбо ифодаипулӣ, иловапулиҳобанафақаҳоисуғуртавӣ, кимувофиқиқонунгузорииФедератсияи Россия бо дарназардошти ҷойиистиқоматигирандаи нафақава (ё) узвиоилаиӯ муқарраркардамешаванд, инчунинбамаблағинафақаибароисобиқаисуғуртавӣҳисобшуда, ки бо истифода аз меъёрҳоишартномаҳои байналмилалӣ, китибқионҳо уҳдадорӣ оид ба таъмини нафақа ба зиммаи давлате вогузор мегардад, ки гирандаи нафақа дар ҳудуди он зиндагӣмекунад.

6. Мақомоти салоҳиятдори як Тарафи аҳдкунанда, ки дар ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда нафақаро пардохт мекунад, хароҷоти вобаста ба интиқоли онро ба уҳда дорад.

Моддаи 6

Муқаррароти махсус оид ба пардохти нафақа

1. Агар ҳолатҳои ба муқаррар кардани нафақа ё пардохти онҳо таъсиркунанда боқонунгузории якТарафи аҳдкунанда дар ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда ҷой дошта бошанд, пас Тарафи аҳдкунандаи аввал ин ҳолатҳоро чуноне, ки агар онҳодар ҳудуди кишвари худ ҷой медоштанд, баррасӣмекунад.

2. Таъин ва пардохти нафақа мутобиқи қонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда ба ҳуқуқи шахси суғурташуда барои дар як вақт таъин кардан ва пардохти нафақаи якхела ва (ё) намуди дигари бо моддаи 2 ҳамин Шартнома пешбинишуда, тибқи қонунгузории як Тарафи дигари аҳдкунанда таъсир намерасонад, агар тартиби дигаре боШартномаи мазкур пешбинӣнашудабошад.

3. Ҳангоми муқаррар намудани иловапулии иҷтимоии федералӣваёминтақавӣбанафақа дар Федератсияи Россия нафақаҳое ба назар гирифта мешаванд, ки мутобиқиқонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд.

4. Нафақаи иҷтимоӣмутобиқиқонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда ба он шарт таъин ва пардохт карда мешавад, ки аз ҷонибишахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) нафақаи дар моддаи 2 Шартномаи мазкур пешбинишуда боқонунгузориидигар Тарафи аҳдкунанда гирифта нашуда бошад.

5. Шахсоне, ки дорои ҳуқуқигирифтанимаблағинафақаи аз ҷонибишахсисуғурташудаёаъзоиоилаиӯ нагирифта, бинобар сабаби вафот мебошанд, бо ариза оид ба пардохти чунин маблағ ва ҳуҷҷатҳоизарурӣбамақомоти салоҳиятдори яке аз Тарафҳоиаҳдкунанда муроҷиат менамоянд.

Фасли II

Қонунгузории татбиқшаванда

Моддаи 7

Муқаррароти умумӣ

Шахсони суғурташудае, ки амали Шартномаи мазкур ба онҳо татбиқмегардад, танҳо таҳтиамали қонунгузории ҳамон Тарафи аҳдкунандае қарор мегиранд, ки дар ҳудуди он фаъолияти меҳнатӣ (кори кироя) ва ё дигар фаъолият (кори ѓайрикироявї)-ро анҷом медиҳанд, агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣнашудабошад.

Моддаи 8

Муқаррароти махсус

Аз муқаррароти моддаи 7 Шартномаи мазкур истисноҳои зерин нисбати инҳо муқаррар мегардад:

1) ба шахси суғурташуда, ки амаликунандаи фаъолияти меҳнатӣ (корикироя), дар ҳудуди яке аз Тарафҳои аҳдкунанда буда, бо корфармое кор кунад, ки дар ҳудуди ҳамин Тарафи аҳдкунанда ба қайд гирифта шудааст ва фаъолияташро амалӣкардаистодааст, аз ҷониби ҳамин корфармо ба муҳлати муайян ба ҳудуди Тарафи дигари аҳдкунанда ба сафари хизматӣ бо мақсади иҷрои кор дар ҳамонҷобароиҳаминкорфармо фиристода шуда бошад, пас нисбати шахси суғурташудаи мазкур татбиқиқонунгузории Тарафи аҳдкунандаи аввал идома меёбад, ба шарте, ки муҳлати пешбинишавандаи иҷрои корҳо аз 24 моҳ зиёд набошад.

Агар бинобар ҳолатҳои ғайричашмдошт иҷрои корҳои зарурӣ муҳлати бештарро нисбатба оне ки дар ибтидо пешбинї шудааст, талаб намояд ва муҳлати он аз 24 моҳ зиёд бошад, пас бо мувофиқаи мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда то анҷом ёфтани ин корҳоқонунгузории Тарафи аҳдкунандаи якум ба шахси суғурташуда татбиқ карда мешавад;

2) муқаррароти банди 1 ҳамин модда ҳамчунин нисбат ба шахсони суғурташудае низ татбиқ карда мешавад, ки намудҳои дигари фаъолият (кори ғайрикироявӣ)-ро амалӣмекунанд;

3) нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣвакормандонимуассисаҳои консулии Тарафҳои аҳдкунанда, инчунин нисбат ба шахсони ба корҳои хусусии хонагӣмашғулбуда, мувофиқан муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи равобити дипломатӣаз 18 апрелисоли 1961 ваКонвенсияиВенаоидбаравобитиконсулӣаз 24 апрелисоли 1963 вадигаршартномаҳои байналмилалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистонва Федератсияи Россия амалкунанда татбиқ карда мешаванд;

4) нисбат ба аъзои экипаж, инчунин дигар шахсоне, ки дар киштиҳо ба кор қабул шудаанд, қонунгузории Тарафи аҳдкунандае татбиқ карда мешавад, ки таҳти парчами он киштӣ шино мекунад;

5) нисбат ба аъзои экипаже, ки тавассути роҳи оҳан, тариқи автомобил, роҳњои ҳавоию обӣ (ҳудудӣваберунӣ) ба таҳвилибайналмилалиимусофиронёбордарҳудуди ҳар ду Тарафи аҳдкунанда, ба манфиати корфармои худ машғул мебошанд, ки дар ҳудуди яке аз Тарафҳои аҳдкунанда ба қайд гирифта шудааст, қонунгузории ин Тарафи аҳдкунанда татбиқ карда мешавад.

Агар шахси суғурташуда дар филиал ё намояндагии доимие кор кунад, ки корфармои зикргардида дар ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда кушодааст, на дар Тарафи аҳдкунандае, ки ин корфармо дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст, пас нисбати шахси суғурташуда қонунгузории Тарафи аҳдкунандае татбиқ карда мешавад, ки дар ҳудуди он филиал ё намояндагии доимӣҷойгир аст;

6) нисбат ба шахсоне, ки ба кори борбардорӣ, борфарорӣватаъмирикиштиҳо ё хадамоти бехатарии бандар қабул шудаанд, қонунгузории Тарафи аҳдкунандае татбиқ мегардад, ки дар њудуди он бандар ҷойгир аст.

Фасли III

Муқаррароти нафақаҳо ва кўмакпулӣ

Моддаи 9

Муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа

1. Ҳар як Тарафи аҳдкунанда нафақаро дар асоси собиқаи суѓуртавӣ, ки дар њудуди он ба даст оварда шудааст, мутобиқ ба қонунгузории он, агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣнашудабошад, таъин мекунад.

2. Њангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа зери мафњуми собиқаи суғуртавӣ, кидар њудуд ва мутобиќи қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда ба даст оварда шудааст, чунин маъно фаҳмида мешавад:

барои ҶумҳурииТоҷикистон - собиқаисуғуртавӣдарҳудуди ҶумҳурииТоҷикистонва собиќ ҶумҳурииШўравии Сотсиалистии Тоҷикистон;

барои Федератсияи Россия - собиқаи корӣдарҳудуди Федератсияи Россиява собиќ Ҷумҳурии ШўравииФедеративии Сотсиалистии Россия.

3. Дар мавриде, ки агар тибқи қонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда ҳуқуқ ба нафақа бе дарназардошти собиқаи суғуртавии дар њудуди Тарафи дигари аҳдкунанда бадастомада пайдо гардад, пас Тарафи аҳдкунандаи якум нафақаро дар асоси собиқаи суғуртавие таъин мекунад, ки дар ҳудуди он ба даст оварда шудааст. Бар замми ин, ҳисоб ва тасдиқи собиқаи суғуртавӣтибқи қонунгузории Тарафи аҳдкунандае анҷом дода мешавад, ки нафақаро муқаррар менамояд.

4. Агар собиқаи суғуртавии тибқи қонунгузории Тарафи аҳдкунанда бадастовардашуда барои таъини нафақа кофї набошад, пас њамчунин собиқаи суғуртавии тибқи ќонунгузории дигар Тарафи аҳдкунанда бадастоварда, инчунин собиқаи суғуртавии бадастоварда дар давлати сеюм, ки Тарафи аҳдкунандаи таъинкунандаи нафақа бо он давлат шартномаи байналмилалӣоидбатаъминотииҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ) дорад ва дар мавриди тасдиќ гаштани собиќаи мазкур аз љониби давлати сеюм, ба инобат гирифта мешавад.

5. Ҳангомимуайянкарданиҳуқуқ ба нафақа мутобиќи ќисми 4 моддаи мазкур, собиқаи суғуртавие, ки ба замони бадастории он мувофиќат дорад, ба назар гирифта намешавад.

6. Дар Федератсияи Россия ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа, мутобиқи ќисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда, арзиши коэффитсиенти инфиродии нафақавӣдардаврањоисобиқае муайян мегардад, ки дар ҳудуди он, инчунин њудуди собиқҶумҳурии Шуравии Федеративии Сотсиалистии Россия ба даст омадааст. Дар њолате агар тибқи қонунгузории Федератсияи Россия бинобар мавҷуд набудани арзиши коэффитсиенти инфиродии нафақавии талабшаванда њуќуќ ба нафаќа пайдо нагардад, пас арзиши коэфитсиенти инфиродии нафақавии баробари воҳид дар як соли собиқаи кории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқҶумҳурииШуравииСотсиалистииТоҷикистонбадастоварда, инчунин дар ҳудудњои давлатњои сеюме, ки Федератсияи Россия бо онњо шартномаи байналмилалӣоидбатаъминотииҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ) баимзорасонидааст, истифодамешавад. Дар ин маврид, як моҳи собиқаи суғуртавӣ 1/12 қисми коэффитсиент барои тамоми соли тақвимӣваякрўз-1/360 қисми коэффитсиент барои тамоми соли тақвимиро ташкил медиҳад.

7. Ҳангомимуайянкарданиҳуқуқ ба нафақа вобаста ба кор бо ихтисосҳои муайян, дар мансабҳои муайян ва ё шароити мењнатии муайян ва муассисаҳои муайяни кор бо қонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда, давраҳои ҳаммонанди кор дар ҳудуди дигар Тарафи аҳдкунанда бо давраҳои чунин кор дар ҳудуди Тарафи аҳдкунандаи аввал маблағбандӣнамешавад, лекинҳамчун давраҳои собиқаи суғуртавӣ бо асосҳои умумӣбаназаргирифтамешаванд, баистисноидавраҳои кор дар ҳудуди собиқҶумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Шуравии Федеративии Сотсиалистии Россия, ки то 1 январи соли 1991 сурат гирифтаанд.

8. Агар собиқаи суғуртавии мутобиқи қонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бадастоварда аз 12 моҳ кам бошад, пас нафақа таъйин карда намешавад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки чунин собиқаи суғуртавӣҳуқуқбанафақаро медиҳад.

9. Ҳангомимуайянкардани ҳуқуқ ба нафақаи пеш аз муҳлати суғуртавӣ аз рӯипиронсолӣ (азрўи синну сол), ки ба шумораи аъзои оила вобастагӣдорад, фарзандонитаваллудшуда,бавоярасонидашудаба назар гирифта мешаванд:

- барои ҶумҳурииТоҷикистон - дарҳудуди ҶумҳурииТоҷикистон, инчунин дар ҳудуди собиқҶумҳурииШўравии Сотсиалистии Тоҷикистон;

- барои Федератсияи Россия - дар ҳудуди Федератсияи Россия, инчунин дар ҳудуди собиқҶумҳурии Шўравии Федеративии Сотсиалистии Россия.

Моддаи 10

Нафақаи андухтӣ (қисми андўхтии нафақаи суғуртавӣ) вадигарпардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андухти нафақавӣ

Дар ҶумҳурииТоҷикистонҳуқуқбақисминафақаисуғуртавӣазрўи синну сол ва маъюбӣ, инчуниназандозаҳисобкарданвапардохт тибқиқонунгузории он анҷомдодамешавад.

Дар Федератсияи Россия ҳуқуқ ба нафақаи андухтӣвадигарпардохтҳо аз ҳисоби маблағҳои андўхтҳои нафақавӣ, инчунинҳисоби андозаи онҳо тибқиқонунгузории он кишвар ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 11

Муайян кардани андозаи нафақа

1. Ҳар кадом Тарафи аҳдкунанда андозаи нафақаро мутобиқ ба собиқаи суғуртавии дар њудуди он бадастомада тибқи муқарароти қонунгузориихудҳисобмекунад, агар бо Шартномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣнашудабошад.

2. Ҳангомиҳисоб кардани андозаи нафақа аз рўи қонунгузории Федератсияи Россия, собиқаи суғуртавии тибқиқонунгузории он, инчунин дар ҳудуди собиқҶумҳурии Шўравии Федеративии Сотсиалистии Россия бадастомада, ба назар гирифта мешавад. Давраҳое, ки дар ҳудуди дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣваинчуниндардавлатҳои сеюм ба даст оварда шудаанд, ба эътибор гирифта намешаванд.

Ҳангоми аз рўи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб кардани андозаи нафақа, собиқаи суғуртавии мутобиқи қонунгузории он, инчунин дар ҳудуди собиќ Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон бадастоварда ба назар гирифта мешавад. Давраҳое, ки дар ҳудуди дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва инчунин дар давлатҳои сеюм ба даст оварда шудаанд, ба назар гирифта намешаванд.

3. Агар давомнокии собиқаи суғуртавии дар ҳудуди Федератсияи Россия ва дар ҳудуди собиқҶумҳурии Шўравии Федеративии Сотсиалистии Россия бадастовардашуда аз давомнокии талабшавандаи собиқаи суғуртавии барои муайян кардани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣкамтарбошад, пасандозаимаблағи пардохтии ба нафақаи суғуртавӣ муќарраршуда, инчунинандозаизиёдшавиипардохтҳои муқарраршуда ба нафақаи суғуртавӣботаносубидавомнокиивоқеии собиқаи суғуртавии дар ҳудуди он, инчунин дар њудуди собиќ Ҷумҳурии Шўравии Федеративии Сотсиалистии Россия ба даст овардашуда, мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия ба давомнокии талабшавандаи собиќаи корї барои муайян намудани ҳуқуқ барои баромадан ба нафақаи суғуртавӣ муқаррар карда мешавад.

4. Њангоми таъини нафақа аз рўи қонунгузории Федератсияи Россия ба шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ба нафақаи суғуртавӣпардохтимуқарраргардида муқаррар карда намешавад ва ќадр кардани ҳуқуқҳои нафақавї дар шакли пулӣ амалї карда намешаванд.

Моддаи 12

Ҳуқуқ ба кумакпулӣбароидафн

Дар сурати вафот кардани шахсе, ки мутобиқиқонунгузории ҳар ду Тарафи аҳдкунанда гирандаи нафақа мањсуб меёбад ва дар лаҳзаи фавт ба фаъолияти меҳнатӣ (коргарикироя) ва (ё) дигар (коргари ѓайрикироявї) фаъолият машғул набошад, пас кумакпулӣбароидафн тибқиқонунгузории ҳамон Тарафи аҳдкунандае пардохт карда мешавад, ки маросими дафни шахс дар њудуди он сурат гирифтааст.

Фасли IV

Ҳамкории Тарафҳои аҳдкунанда

Моддаи 13

Ҳамкории мақомоти ваколатдор ва

муассисаҳои салоҳиятдор

1. Мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда оид ба татбиқи Шартномаи мазкур созишномаи маъмурӣмебанданд. Муассисањои салоҳиятдориТарафҳои аҳдкунанда метавонанд, бо мақсади амалӣнамудани Шартномаи мазкур ва созишномаи маъмурӣоид бататбиқи Шартномаи мазкур созишнома оид ба мубодилаи иттилоотии электрониро ба имзо расонанд, ки метавон тавассути шахсони сеюми боэътимоди мутобиқи қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда муайяншуда татбиќ карда мешавад.

2. Мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда дар созишномаи маъмурӣ оид ба татбиқи Шартномаи мазкур муассисаҳои салоҳиятдорро, ки дар ќисми 1 ҳамин модда пешбинӣшудаанд, нишон медињанд.

3. Мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда якдигарро аз ҳама гуна тағйирот дар қонунгузорӣоидбатаъмининафақа, ки дар татбиқи Шартномаи мазкур ањамият дорад, огоҳ месозанд.

4. Мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои аҳдкунанда байни ҳамдигар доир ба тамоми масъалаҳои марбут ба татбиқи Шартномаи мазкур ҳамкорӣмекунанд ва ба якдигар ба таври ройгон кўмак мерасонанд.

5. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъмини нафақа, ки аз ҷониби мақомоти расмии як Тарафи аҳдкунанда дода шудаанд, аз ҷониби Тарафи дигари аҳдкунанда бидуни таъйид (расмикунонӣ)вадигартасдиќнамоиҳои иловагӣқабул карда мешаванд.

6. Ҳангоми татбиқи Шартномаи мазкур мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои аҳдкунанда мукотибаро бо забонҳои давлатии Тарафҳои аҳдкунанда ба роҳ мемонанд вањуҷҷатҳо ва (ё)аризањои барои амалӣнамуданимуқаррароти Шартномаи мазкур зарурӣ, азҷумла барои муқаррар ва пардохти нафақаҳо, бе тарҷума барои истифода қабул карда мешаванд. Тарҷумаи ҳуҷҷат ва (ё)ариза аз ҷониби мақоми ваколатдор ва муассисаи салоҳиятдори Тарафи аҳдкунанда, ки ба ҳуҷҷат ниёз дорад, анҷом дода мешавад. Ин муқарраротба њуљљатњои аз љониби шахси суѓурташуда (аъзои оила) бо мақсади муқаррар кардани нафақа (кўмакпулӣ) пешниҳодшаванда дахл надорад.

7. Дар мавридитағйири ном ё суроғаи мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои салоҳиятдори Тарафҳои аҳдкунанда, мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда якдигарро дар бораи он огоҳ мекунанд.

Моддаи14

Муоинаи тиббӣ ё азназаргузаронии такрорӣ

1. Муоинаи тиббии (азназаргузаронии тиббии) шахси суғурташуда бо мақсади ба ташхиси тиббию иҷтимоӣ(муоинаи умумӣ) равон кардани ў тибќиқонунгузории Тарафи аҳдкунанда дар ҷойи истиқоматаш гузаронида мешавад.

2. Қарор дар бораи гурӯҳ, муњлат васабабҳои маъюбӣ (аз ҷумла ғоибона), азҷониби муассисаи салоҳиятдори амаликунандаи ташхиси тиббию иҷтимоӣ(муоинаи умумї)-и њамон Тарафи ањдкунанда ќабул мешавад, ки мутобиқи қонунгузории он нафаќаи дахлдор муқаррар ва пардохт мешавад. Дар баробари ин, шаҳодатномаҳо ва хулосаҳои тиббӣ, кимутобиқиқонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда дода мешаванд, ба эътибор гирифта мешаванд.

Моддаи 15

Ирсоли ариза ва ҳуҷҷатҳо

1. Ариза дар бораи таъини (пардохти) нафақа,ки мутобиқи қонунгузории яке аз Тарафҳои аҳдкунанда пешниҳод шудааст, тибқиқонунгузории дигар Тарафи аҳдкунанда ба њайси њамин гуна њуљљат њангоми мављудияти ҳуқуқ ба таъини (пардохти) нафаќа аз рўи қонунгузории ин Тарафи аҳдкунанда ба эътибор гирифта мешавад.

2. Ариза ва ҳуҷҷатҳои барои амалисозииШартномаи мазкур зарурїаз рўзиба мақоми ваколатдор ё муассисаи салоҳиятдори яке аз Тарафҳои аҳдкунанда пешниҳодшуда, дар мақоми ваколатдор ё муассисаи салоҳиятдори дигар Тарафи аҳдкунанда воридшудаба ҳисоб мераванд.

3. Муҳлате, ки ариза ва ҳуҷҷатҳои барои амалисозии Шартномаи мазкур зарурӣ байни мақомоти ваколатдор ё ин ки муассисаи салоҳиятдори Тарафҳои аҳдкунанда дар марҳилаи ирсолкунӣқарор доранд, ба муҳлати баррасии ариза ва қабули қарор оид ба таъин кардани нафақа тибқи қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда дохил карда намешавад.

Моддаи 16

Дархост барои ситониши маблағи

барзиёд пардохтшудаи нафақа

1. Муассисаи салоҳиятдори як Тарафи аҳдкунанда, ки нафақаи дар қисми 1 моддаи 2 ҳамин Шартнома пешбинишударо пардохт намудааст вапардохти онро қатъ кардааст, метавонад аз муассисаи салоҳиятдори дигар Тарафи аҳдкунанда дархост кунад, то маблағи барзиёд пардохтшударо аз нафақаҳои дар ќисми 1 моддаи 2 Шартномаи мазкур пешбинишуда ва аз ҷониби ин Тарафи аҳдкунанда пардохтшударо бозпас ситонад.

2. Муассисаи салоҳиятдоре, ки дархости дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо гирифтааст, пардохти нафақаро ба манфиати Тарафи аҳдкунандае, ки дархост намудааст, дар доираи андозаи бо қонунгузории њамин Тарафи ањдкунанда пешбинигашта бозмедорад ё дар бораи ғайриимкон будани иҷрои дархост маълумот медиҳад.

3. Тартиби бозпас ситонидани маблағи боздошташуда дар созишномаи маъмурӣоидбататбиқи Шартномаи мазкур, ки дар қисми 1 моддаи 13 пешбинӣшудааст, муайянкардамешавад.

Моддаи 17

Ҳифзимаълумот

Ҳама гуна маълумот дар бораи шахс, ки тибқи Шартномаи мазкур аз ҷониби як Тарафи аҳдкунанда ба Тарафи дигари он фиристода мешавад, махфї буда, метавонад танҳо барои татбиқи Шартномаи мазкур истифода карда шавад.

Моддаи 18

Танзими баҳсҳо

Тарафҳои аҳдкунанда ҳамаи баҳсҳоро, ки метавонанд байни онњо вобаста ба тафсир ва истифодаи Шартномаи мазкур ба миён оянд, бо роҳи гуфтушунид ва машваратҳо байни мақомоти ваколатдори Тарафҳои аҳдкунанда ҳаллу фасл мекунанд.

Фасли V

Муқаррароти гузаришӣваниҳоӣ

Моддаи 19

Муқаррароти гузаришї

1. Ҳуқуқ ба нафақа мутобиқи Шартномаи мазкур аз рўзи эътибор пайдо кардани он пайдо мешавад.

2. Барои муқаррар кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи муқаррароти Шартнома собиқаи суғуртавие, ки мутобиқи қонунгузории Тарафҳои аҳдкунанда то эътибор пайдо кардани Шартномаи мазкур ба даст оварда шудааст, ба назар гирифта мешавад.

3. Шартномаи мазкур инчунин нисбати ҳодисаҳои суғуртавие, ки то эътибор пайдо кардани он рух додаанд, татбиқ карда мешавад.

Моддаи 20

Бозҳисобии нафақа

1. Нафақаҳое, ки то эътибор пайдо кардани Шартномаи мазкур таъин гардидаанд, нигоҳ дошта шуда, бо дарназардошти меъёрҳои Шартномаи мазкур, ба истиснои иловапулии иҷтимоӣ (федералӣёминтақавӣ) банафақадарФедератсияи Россия ва ҳолатҳое, кидарқисми 2 ҳаминмодда пешбинӣ шудааст, бозҳисобӣкарданамешаванд.

2. Ҳангоми барои зисти доимӣ ба давлати дигари Тарафи аҳдкунанда ё давлати сеюм кўчидани шахси суғурташудае, ки ба ў нафаќа то эътибор пайдо кардани Шартномаи мазкур дар асоси Созишномаи дар қисми 3 моддаи 21 Шартномаи мазкур зикргардида таъин шудааст, нафақаиқаблантаъингардидабозбинӣваазнавҳисобкардамешавад.

Моддаи 21

Эътибор пайдо намудани Шартномаи мазкур

1. Шартномаи мазкур мавриди тасдиќ қарор гирифта,пас аз 30 рӯзи бо роҳҳои дипломатӣқабул гардидани охирин огоњиномаи хаттїдар бораи аз ҷониби Тарафҳои аҳдкунанда иљро гаштани расмиёти дохилидавлатӣ, кибароиэътиборпайдокарданионзаруранд, эътиборпайдомекунад.

2. Бо мувофиқаи њамдигарТарафҳои аҳдкунанда метавонанд ба матни Шартномаи мазкур бо барасмиятдарории протоколи алоҳидатағйирот ворид намоянд.

3. Ҳамзамон бо эътибор пайдокунии Шартномаи мазкур дар муносибатҳои байни Ҷумҳурии ТоҷикистонваФедератсияиРоссияСозишнома дар бораи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи таъмини нафақа аз 13 марти соли 1992 аз эътибор соқит мегардад.

Моддаи 22

Бекор кардани амали Шартнома

1. Шартномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад. ҲарякТарафиаҳдкунанда ҳуқуқ дорад, киШартномаи мазкурро дар давоми соли ҷории тақвимӣтавассути бо роҳҳои дипломатӣ ирсоли огоҳинома дар шакли хаттїбаТарафидигариаҳдкунанда қатъ кунад. Дар ин маврид амали Шартномаи мазкур дар рўзи охирини ин сол ба шарте қатъ мешавад, ки чунин огоҳинома на дертар аз шаш моҳ то анҷоми соли тақвимӣ фиристода шавад.

2. Дар сурати қатъ гардидани амалиШартномаи мазкур ҳуқуқҳои тибқи муқаррароти он бадастоварда эътибор доранд ва ариза дар бораи нафақањо ва кумакпулї, ки то рўзи қатъи Шартномаи мазкур пешниҳод шудаанд, мутобиќи муқаррароти он қонеъ карда мешаванд.

Шартномаи мазкур дар шањри___________ «____» _________ 2021 дар ду нусха, ҳар кадом бо забонҳои тољикї ва русӣ, киҳар ду матн эътибори баробар доранд, ба имзо расидааст.

Аз ҷониби                                                                    Аз ҷониби

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             Федератсияи Россия