Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маъқул дониста шавад.
2. Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Созишномаи мазкурро бо ҷониби Озарбойҷон мувофиқа намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 25 июни соли 2024, № 362
Лоиҳа
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки минбаъд Тарафҳои Аҳдкунанда номида мешаванд, бо хоҳиши рушди ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар бораи масъалаҳои зерин ба мувофиқа расиданд:
- Мафҳумҳое, ки дар Созишномаи мазкур истифода мешаванд, маънои зеринро доранд:
- «Шаҳрванд» -
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст;
дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Озарбойҷон эътироф шудааст;
2) «қонунгузорӣ» – қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда, ки муносибатҳои дар моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинишударо танзим мекунанд;
3) «мақоми ваколатдор» - мақоме, ки барои татбиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда марбут ба муносибатҳо масъул аст:
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
дар Ҷумҳурии Озарбойҷон — Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Озарбойҷон;
4) «муассисаи ваколатдор» - идора, муассиса ё мақоме, ки қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунандаро вобаста ба муносибатҳои дар банди 1 моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинигардида бевосита татбиқ менамояд;
5) «шахси суғурташуда» - шахсе, ки тибқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда суғурташуда эътироф шудааст;
6) «собиқаи суғуртавӣ» - давраҳои кор ва (ё) фаъолияти дигаре, ки барои онҳо мукофотҳои суғуртавӣ ҳисоб ва пардохта шудаанд, инчунин давраҳои дигаре, мутобиқи қонунгузории Тарафҳои Аҳдкунанда ҳангоми муайян кардани маблағи онҳо ҳуқуқ ба нафақа ва ҳисоб кардан ба назар гирифта мешаванд;
7) «нафақа» - пардохтҳое, ки дар моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинӣ шуда, қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда пешбинӣ кардааст;
8) «сармояи шартии нафақа» - маблағи умумии саҳмияҳои суғуртавӣ, ки ба суғуртаи ҳатмии нафақа ба муассисаи ваколатдор барои шахси суғурташуда ё худи шахси суғурташуда тибқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ворид карда шудааст;
9) «ҷои истиқомат» - ҷои истиқомати доимӣ ё муваққатии қонунӣ дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда, ки мувофиқи қонунгузории онҳо ҷои истиқомат ҳисобида мешавад ё муайян карда мешавад;
10) «узви оила» - шахсе, ки мутобиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда узви оила муайян ё ҳисобида мешавад;
11) «маълумоти шахсӣ» - ҳама гуна маълумоте, ки имкон медиҳад бевосита ё ғайримустақим шахсияти шахс (субъекти маълумоти шахсӣ) муайян карда шавад.
2. Мафҳумҳои дигаре, ки дар Созишномаи мазкур истифода мешаванд, дорои маънои муқаррарнамудаи қонунгузории давлати Тарафи дахлдори Аҳдкунанда мебошанд.
1. Созишномаи мазкур нисбат ба муносибатҳои зерин, ки қонунгузории таъмини нафақаи давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда танзим мекунанд, татбиқ мегардад:
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ оид ба синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон;
- қисми маблағгузории нафақаи суғуртавӣ;
- нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон;
- кумакпулӣ барои маросими дафн;
дар Ҷумҳурии Озарбойҷон:
1) - барои нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯйи синну сол, маъюбӣ ва маҳрум шудан аз саробон.
2. Созишномаи мазкур инчунин нисбат ба муносибатҳое, ки қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда оид ба пардохти мукофотҳои суғуртавӣ ҷиҳати таъмини пардохтҳои дар банди 1 моддаи мазкур зикргардида танзим мекунанд, татбиқ мегардад.
3. Созишномаи мазкур инчунин нисбат ба муносибатҳои бо қонун танзимшаванда ва тағйир додан ё пурра намудани муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур, ба истиснои муқаррароте, ки дар банди 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, татбиқ мегардад.
4. Агар Тарафҳои Аҳдкунанда оид ба тартиби дигаре ба мувофиқа наоянд, Созишномаи мазкур ба муносибатҳои танзимшавандаи конунгузорӣ, ки муқаррароти дар банди 1 моддаи мазкур зикргардидаро, дар бобати васеъ намудани доираи шахсон, инчунин муқаррар намудани намудҳои нави таъминоти нафақа тағйир медиҳад ё пурра мекунад, дахл надорад.
Моддаи 3 Шахсоне, ки Созишнома нисбат ба онҳо татбиқ мегардад
Созишномаи мазкур ба шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда, инчунин аъзои оилаҳои онҳо, ки таҳти қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда қарор доранд ё қарор мегиранд, нисбат ба нафақаҳои дар моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинишуда (ба истиснои мукофотпулӣ ба нафақа барои хизмати дарозмуддат), татбиқ мегардад, агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳангоми татбиқи қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини нафақаи яке аз давлати Тарафҳои Аҳдкунанда, шаҳрвандони давлати дигари Тарафи Аҳдкунанда ҳамчун шаҳрвандони давлати Тарафи якуми Аҳдкунанда ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад.
1. Агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, нафақаҳое, ки аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда таъин ва пардохт мешаванд, вобаста ба истиқомати шахси суғурташуда, ки дар ҳудуди давлати дигари Тарафи Аҳдкунанда ё дар ҳудуди давлати сеюм қарор дорад, кам, боздошт ё қатъ карда намешаванд.
2. Бо муроҷиати шахсони суғурташуда нафақа метавонад дар ҳудуди давлат аз ҷониби Тарафи Аҳдкунанда, ки онҳоро таъин кардааст, пардохт карда шавад ё ба ҳудуди давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар гузаронида шавад.
3. Шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани маблағи нафақаро доранд, ки шахси суғурташуда (узви оилаи ӯ) нагирифтааст, барои пардохти онҳо бо аризаи дахлдор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба муассисаи ваколатдори давлатии яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда муроҷиат мекунанд.
4. Муқаррароти бандҳои 1, 2 ва 3 моддаҳои мазкур татбиқ намегардад:
нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар бораи татбиқ намудани коэффитсиентҳои минтақавӣ ба нафақаҳои ҳадди ақал ва заминавӣ, ки бо дарназардошти ҷойи истиқомат, иловаҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ муқаррар карда мешаванд;
нисбат ба Ҷумҳурии Озарбойҷон — барои илова ба нафақа барои хизмати дарозмуддат.
5. Муассисаи ваколатдори як Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақаро ба ҳудуди Тарафи дигари Аҳдкунанда пардохт мекунад, хароҷоти интиқоли онҳоро ба дӯш мегирад.
Ҳолатҳое, ки дар ҳудуди давлати як Тарафи Аҳдкунанда вобаста ба татбиқи ҳуқуқҳои нафақа, боздоштани муваққатии таъини нафақа ё тағйир додани андозаи нафақа таъсир мерасонанд, тибқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандае, ки нафақа таъин кардааст, баррасӣ карда мешаванд, агар ҳолати мазкур дар ҳудуди давлати якуми Тарафи Аҳдкунанда ба амал омада бошад.
Фасли II Муқаррарот оид ба суғуртаи иҷтимоӣ
Моддаи 7 Қонунгузории татбиқшаванда
Агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, нисбат ба шахсони суғурташуда, ки амали Созишномаи мазкур ба онҳо дахл доранд, қонунгузории танҳо ҳамон давлати Тарафи Аҳдкунандае татбиқ мегардад, ки дар ҳудуди он онҳо бо фаъолияти меҳнатӣ (кори кироя) ва (ё) дигар (кори бе кироя) машғуланд.
Моддаи 8 Муқаррароти махсус тибқи қонунгузории татбиқшаванда
1. Нисбат ба шахсони суғурташудае, ки дар ҳудуди давлати яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда кор мекунанд ва аз ҷониби корфармо тибқи қонунгузории давлати Аҳдкунанда барои кор дар ҳудуди давлати Тарафи дигари Аҳдкунанда фиристода шудааст, қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи якум татбиқ мегардад, ба шарте, ки муҳлати сафар аз 2 (ду) сол зиёд набошад. Бо мувофиқаи мутақобилаи байни мақомоти ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда барои ҳар як ҳолати алоҳида муҳлати паҳн кардани қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи фиристанда метавонад ба муҳлати на бештар аз 1 (як) сол дароз карда шавад.
2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур инчунин нисбат ба шахсони суғурташудае, ки ба фаъолияти дигар (кори бе кироя) машғуланд, татбиқ мегардад.
3. Нисбат ба кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва кормандони муассисаҳои консулии давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда, инчунин шахсоне, ки дар хизмати шахсии мансабдорони намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарӣ (коргарони хусусии хонагӣ) муқаррар карда шудаанд, муқаррароти Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 ва Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои консулӣ аз 24 апрели соли 1963 татбиқ мешаванд.
4. Нисбат ба кормандони ҳаракаткунандаи ташкилотҳои нақлиётие, ки ҳамлу нақли байналмилалиро дар ҳудуди давлатҳои ҳарду Тарафи Аҳдкунанда анҷом медиҳанд, қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандае, ки дар ҳудуди он ташкилоти дахлдор ба қайд гирифта шудааст, татбиқ мегардад.
5. Нисбат ба аъзои экипажи киштӣ қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандае татбиқ мегардад, ки дар зери парчами он киштиронӣ анҷом дода мешавад.
6. Нисбат ба шахсоне, ки дар борбардорӣ, борфарорӣ ва таъмири киштиҳо ё дар хадамоти амнияти бандар кор мекунанд, риояи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандае, ки бандар дар ҳудуди он ҷойгир аст, қарор доранд.
Фасли III Муқаррарот оид ба нафақа
Моддаи 9 Муайян кардани ҳуқуқи нафақа
1. Агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ҳар Тарафи Аҳдкунанда дар асоси бақайдгирии суғуртаи иҷтимоӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавии дар ҳудуди худ ҷамъшуда тибқи қонунгузории давлати худ нафақа таъин мекунад.
2. Ҳисоб ва тасдиқи собиқаи суғуртаи иҷтимоӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавӣ тибқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақа таъин мекунад, сурат мегирад.
3. Агар собиқаи суғуртавӣ ва ё сармояи шартии нафақавӣ, ки тибқи қонунгузории давлати як Тарафи Аҳдкунанда ҷамъ оварда шудааст, барои муқаррар кардани ҳуқуқи нафақа кофӣ набошад, муассисаи ваколатдори давлатии ин Тарафи Аҳдкунанда собиқаи суғуртавӣ ва ё сармояи шартии нафақавиро, ки тибқи қонунгузории давлати дигари Тарафи Аҳдкунанда ҷамъ оварда шудааст, инчунин давлати сеюм, ки бо он Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақаро таъин мекунад, дар соҳаи таъминоти нафақа Созишномаи байналмилалӣ дорад, ҷамъбасти собиқаи суғуртавӣ ва ё сармояи шартии нафақавиро пешбинӣ мекунад.
Агар ҳуқуқ ба нафақа дар натиҷаи ҷамъбасти собиқаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ё сармояи нафақавӣ тибқи ҳамин модда ба вуҷуд ояд, пас дар ин ҳолат муассисаи ваколатдори давлатии ҳар як Тарафи Аҳдкунанда андозаи нафақаро, ки ба собиқаи суғуртавӣ ва ё сармояи шартии нафақавӣ, ки дар ҳудуди давлати ин Тарафи Аҳдкунанда тибқи қонунгузории он ҷамъ оварда шудааст, мутаносибан муайян мекунад.
4. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа тибқи бандҳои 1, 2 ва 3 моддаи мазкур, собиқаи суғуртавӣ, ки аз рӯйи вақти харид мувофиқ аст, ҷамъбаст карда намешавад.
5. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа вобаста ба кор аз рӯйи ихтисоси муайян, дар вазифаи муайян ё дар шароити муайяни меҳнат ва ташкилотҳо тибқи қонунгузории яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда, давраҳои кор дар ҳудуди Тарафи дигари Аҳдкунанда бо давраҳои чунин корҳо дар ҳудуди Тарафи якуми аҳдкунанда ҷамъ карда намешаванд, вале ҳамчун давраҳои собиқаи суғуртавӣ дар асосҳои умумӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
6. Агар собиқаи суғуртавӣ тибқи қонунгузории давлати як Тарафи Аҳдкунанда ба даст оварда, камтар аз 12 моҳ бошад ё сармояи шартии нафақавӣ камтар аз арзиши эквиваленти 1 соли собиқаи суғуртавӣ мувофиқи қонунгузории миллии давлати ҳамин Тараф бошад ва ҳеҷ гуна ҳуқуқ барои гирифтани нафақаро ба вуҷуд наорад, муассисаи ваколатдори давлати ҳамин Тарафи Аҳдкунанда нафақа таъин намекунад.
7. Агар дар Созишномаи мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, таъин ва пардохти нафақа тибқи қонунгузории давлати яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ба ҳуқуқи шахси суғурташуда оид ба таъин ва пардохти нафақаҳои дар моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинишуда мутобиқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар таъсир намерасонад.
Моддаи 10 Ҳисоб кардани нафақа
1. Агар ҳуқуқ ба нафақа тибқи қонунгузории давлати яке аз Тарафи Аҳдкунанда бе ҳисоб кардани собиқаи суғуртавӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавӣ тибқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар ҷамъшуда ба вуҷуд ояд, муассисаи ваколатдори Давлати Тарафи якуми Аҳдкунанда нафақаро дар асоси собиқаи суғуртавӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавии дар ҳудуди он ҷамъшуда ҳисоб мекунад.
2. Агар ҳуқуқ ба нафақа дар натиҷаи ҷамъ намудани собиқаи суғуртавӣ ё сармояи шартии нафақавӣ мутобиқи банди 3 моддаи 9 Созишномаи мазкур ба вуҷуд ояд, муассисаи ваколатдори давлатии ҳар Тарафи Аҳдкунанда ҳаҷми нафақаро дар шакли баробар дар асоси собиқаи суғуртавӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавие, ки дар ҳудуди он ва тибқи қонунгузории он ҷамъ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
Фасли IV Ҳамкории Тарафҳои аҳдкунанда
1. Барои татбиқи Созишномаи мазкур мақомоти ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда Созишномаи маъмуриро оид ба татбиқи он имзо мекунанд.
2. Муассисаҳои ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар Созишномаи маъмурӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 12 Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳамдигарӣ
1. Мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар доираи ваколатҳои дахлдори худ аз рӯйи ҳамаи масъалаҳое, ки бо иҷрои Созишномаи мазкур алоқаманданд, ҳамкорӣ намуда, ба ҳамдигар дар иҷрои Созишномаи мазкур ёрии ройгон мерасонанд.
2. Мақомоти ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар бораи ҳамаи тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба таъминоти нафақа, ки барои татбиқи Созишномаи мазкур аҳамият доранд, якдигарро огоҳ месозанд.
3. Ҳангоми татбиқи Созишномаи мазкур мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар байни худ, инчунин бо шаҳрвандон, сарфи назар аз ҷои истиқоматашон, бо забони расмии давлатии давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда ё бо забони русӣ мукотиба мебаранд.
4. Ҳуҷҷатҳо ва (ё) аризаҳое, ки барои татбиқи Созишномаи мазкур, аз ҷумла барои таъин, аз нав ҳисоб кардан ва пардохти нафақа заруранд, барои коркард бе тарҷума қабул карда мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ тарҷумаи ҳуҷҷат ва (ё) ариза аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Тарафи Аҳдкунанда, ки ин ҳуҷҷатро талаб мекунад, амалӣ карда мешавад. Ин муқаррарот нисбат ба ҳуҷҷатҳои аз ҷониби шахси суғурташуда ё намояндаи ӯ ба мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда пешниҳодшуда татбиқ намегардад.
Моддаи 13 Муоинаи тиббӣ ва (ё) муоинаи такрорӣ
1. Қарорҳо дар бораи муқаррар кардани сабаб, дараҷа ва давомнокии маъюбии шахс аз ҷониби муассисаи ваколатдори давлатии Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақа таъин мекунад, қабул карда мешавад.
2. Муоинаи тиббӣ ва муоинаи такрорӣ бо мақсади муқаррар намудани сабаб, дараҷа ва давомнокии маъюбии шахс дар маҳалли истиқомати шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар ин ҳолат шаҳодатномаҳо ва хулосаҳои тиббӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои дахлдори давлати Тарафи дигари Аҳдкунанда дода шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
Моддаи 14 Озод кардан аз боҷҳо ва тасдиқи ҳуҷҷатҳо
1. Агар мувофиқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунанда ягон ҳуҷҷат, ки ба мақоми ваколатдор ё муассисаи ваколатдори давлатии ин Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод карда мешавад, пурра ё қисман аз боҷҳо ва пардохтҳо озод карда шавад, чунин озодкунӣ вобаста ба татбиқи Созишномаи мазкур инчунин ба ҳуҷҷатҳои дахлдори ба мақоми ваколатдор ё муассисаи ваколатдори давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар пешниҳодшаванда низ дахл дорад.
2. Нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби муассисаи ваколатдори давлатии як Тарафи Аҳдкунанда тасдиқ шудаанд, аз ҷониби муассисаи ваколатдори давлати Тарафи дигари Аҳдкунанда ҳамчун нусхаҳои аслӣ ва эътиборнок бе тасдиқи иловагӣ қабул карда мешаванд.
Моддаи 15 Муроҷиат барои таъини нафақа
1. Муроҷиати хаттӣ дар бораи таъини нафақа, ки ба муассисаи ваколатдори давлатии як Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод шудааст, мутобиқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар дар ҳолатҳои зерин ҳамчун муроҷиат қабул карда мешавад:
а) ҳангоме, ки шаҳрванди муроҷиаткунанда баррасии аризаро дар асоси қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар талаб мекунад; ё
б) вақте, ки шаҳрванд барои ҷамъоварии собиқаи суғуртавӣ ва (ё) сармояи шартии нафақавӣ тибқи қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар хабар медиҳад.
2. Шаҳрванд метавонад талаб кунад, ки ариза дар бораи таъин, аз нав ҳисоб кардан, аз як намуди нафақа ба намуди дигар гузаронидан ва пардохти нафақа, ки ба муассисаи ваколатдори давлати як Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод шудааст, тибқи қонунгузории Тарафи Аҳдкунандаи дигар ё тибқи маҳдудиятҳое, ки дар қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар пешбинӣ шудаанд, баррасӣ карда нашавад, то ариза дар ин Тарафи Аҳдкунанда аз санаи дигар амал кунад.
3. Вақте, ки барои интиқоли муроҷиат, ариза ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати татбиқи Созишномаи мазкур байни мақомоти ваколатдор ва муассисаҳои ваколатдори давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда сарф мегардад, ба муҳлатҳои баррасии муроҷиатҳо, аризаҳо, ҳуҷҷатҳо ва қабули қарор дар бораи таъин, бозҳисобӣ ва пардохти нафақа ё дар бораи рад намудани таъин ва бозҳисобии нафақа мувофиқи қонунгузории давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дохил намегардад.
Шикояти хаттӣ аз болои қарори муассисаи ваколатдори давлати як Тарафи Аҳдкунанда метавонад ба муассисаи ваколатдори давлати ҳар Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод карда шавад. Шикоят мувофиқи тартиб ва қонунгузории давлати Тарафи Аҳдкунанда, ки қарори он шикоят карда мешавад, баррасӣ карда мешавад.
Моддаи 17 Ирсоли аризаҳо, огоҳиномаҳо ва шикоятҳо
1. Дар ҳолатҳое, ки муқаррароти моддаҳои 15 ва 16 Созишномаи мазкур татбиқ карда мешаванд, мақоми ваколатдор (муассисаи ваколатдор), ки ба он ариза, огоҳинома ва шикояти хаттӣ пешниҳод шудааст, санаи воридотии онро дар ҳуҷҷат нишон дода, фавран онро ба мақоми ваколатдори (муассисаи ваколатдор) давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар мефиристад.
2. Ҳама гуна ариза, огоҳинома ва шикояти хаттӣ, ки бояд дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузории давлати як Тарафи Аҳдкунанда ба муассисаи ваколатдори давлати ҳамин Тарафи Аҳдкунанда пешниҳод шавад, сари вақт пешниҳодшуда ҳисобида мешавад, агар он ба муассисаи ваколатдори давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар дар давоми ҳамин муҳлат пешниҳод шуда бошад.
1. Пардохти нафақа мутобиқи Созишномаи мазкур бевосита ба суратҳисоби бонкии нафақагир бо асъори озод бадалшаванда сурат мегирад. Муассисаи ваколатдори давлатии Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақаро пардохт мекунад, хароҷотро танҳо бо фиристонидани нафақа ба бонки қабулкунанда пардохт мекунад.
2. Расмиёти пардохти нафақаро Созишномаи маъмурии дар банди 1 моддаи 11 Созишномаи мазкур пешбинишуда муайян менамояд.
Моддаи 19 Маблағҳои барзиёд пардохтшуда
1. Муассисаи ваколатдори давлатии як Тарафи Аҳдкунанда, ки нафақаи дар банди 1 моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинишударо пардохт кардааст ва додани онро қатъ кардааст, метавонад аз муассисаи ваколатдори давлати Тарафи Аҳдкунандаи дигар талаб намояд, ки маблағи нафақаи барзиёд пардохтшудаи нафақаҳоеро, ки дар банди 1 моддаи 2 Созишномаи мазкур пешбинӣ шуда, аз ҷониби ҳамин Тарафи Аҳдкунанда пардохта мешаванд, нигоҳ доранд.
2. Муассисаи ваколатдоре, ки дархости дар банди 1 моддаи мазкур зикргардидаро қабул намудааст, зимни пардохти нафақа нигоҳ доштани онро ба манфиати Тарафи Аҳдкунанда дар доираи андозаи пешбининамудаи қонунгузории ҳамин Тарафи Аҳдкунанда амалӣ менамояд ё дар бораи имконнопазирии иҷрои дархост бо нишон додани сабаб хабар медиҳад.
3. Тартиби баргардонидани маблағҳои нигоҳдоштаро Созишномаи маъмурие, ки дар банди 1 моддаи 11 Созишномаи мазкур пешбинӣ шудааст, муайян мекунад.
1. Мутобиқи муқаррароти моддаи мазкур ва бо дархости шахси суғурташуда муассисаҳои ваколатдори давлатҳои ҳарду Тарафи Аҳдкунанда ҳуқуқ доранд маълумоти шахсии ӯро бо мақсади татбиқи Созишномаи мазкур коркард кунанд.
2. Ҳангоми коркард, интиқол ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ мутобиқи банди 1 моддаи мазкур муассисаи ваколатдори ҳар Тарафи Аҳдкунанда қонунгузории миллии худро оид ба дахолатнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро татбиқ менамояд.
3. Маълумоти шахсии дар ҳамин модда зикршуда махфӣ буда, танҳо барои муайян кардани ҳуқуқ ба нафақа мутобиқи Созишномаи мазкур коркард карда мешавад.
4. Тарафҳои Аҳдкунанда мутобиқи Созишномаи мазкур барои ҳифзи маълумоти шахсӣ аз истифодаи беиҷозат ё тасодуфӣ, нобуд кардан, гум кардан, тағйир додан, басташавӣ, нусхабардорӣ, таъмин ва паҳн кардан, инчунин аз коркарди дигари беиҷозат ва ғайриқонунӣ чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникии зарурӣ меандешанд.
Баҳсҳое, ки ҳангоми тафсири Созишномаи мазкур ба миён меоянд, тавассути машваратҳо ва гуфтушунидҳо байни Тарафҳои Аҳдкунанда ҳал карда мешаванд.
Фасли V Муқаррароти гузариш ва ниҳоӣ
Моддаи 22 Муқаррароти гузаранда
1. Ҳуқуқ ба нафақа тибқи Созишномаи мазкур аз санаи эътибор пайдо кардани он ба миён меояд.
2. Барои муқаррар намудани ҳуқуқ ба нафақа мутобиқи муқаррароти Созишномаи мазкур давраи суғуртавӣ ва (ё) сармояи нафақавии то эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур ҷамъшуда ба назар гирифта мешавад.
3. Созишномаи мазкур нисбат ба ҳолатҳои суғуртавие, ки то эътибор пайдо кардани он ба амал омадаанд, бо дарназардошти муқаррароти банди 1 моддаи мазкур татбиқ мегардад.
Моддаи 23 Аз нав дида баромадани нафақа
Нафақаҳое, ки то эътибор пайдо кардани Созишнома мазкур таъин шудаанд, нигоҳ дошта мешаванд ва тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур аз нав дида баромада намешаванд.
Бо розигии мутақобилаи Тарафҳои Аҳдкунанда ба Созишномаи мазкур метавонанд тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд, ки дар шакли протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми таркибии он мебошанд ва тибқи расмиёти муқаррарнамудаи моддаи 25 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда якдигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи тағйирот дар мақоми ваколатдор ё муассисаи ваколатдор ё номи онҳо дар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда дар ин хусус огоҳ мекунанд.
Моддаи 25 Эътибор пайдо кардан, муҳлати амал ва қатъи амали Созишнома
1. Созишномаи мазкур аз санаи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ бо роҳҳои дипломатӣ, ки бо он Тарафҳои Аҳдкунанда якдигарро дар бораи иҷрои расмиёти дахлдори дохилидавлатӣ оид ба эътибор пайдо кардан хабар медиҳанд, эътибор пайдо мекунад.
2. Созишномаи мазкур ба муҳлати номуайян баста мешавад.
3. Ҳар яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда метавонад бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар тавассути роҳҳои дипломатӣ амали Созишномаи мазкурро қатъ кунад. Муҳлати амали Созишномаи мазкур як (1) сол пас аз санаи гирифтани огоҳиномаи хаттӣ ба охир мерасад.
4. Қатъи амали Созишномаи мазкур ба ҳуқуқҳое, ки шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда дар давраи амали Созишномаи мазкур ба даст овардаанд, таъсир намерасонад.
5. Дар сурати қатъ гардидани амали Созишномаи мазкур, ҳуқуқҳое, ки тибқи муқаррароти он ба даст оварда шудаанд, эътибори худро нигоҳ медоранд ва аризаҳо дар бораи муқаррар (пардохт) кардани нафақа ва кумакпулиҳо, ки то санаи қатъи амали Созишномаи мазкур пешниҳод гардидаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи муқаррароти Созишномаи мазкур ба таври қонунӣ қонеъ карда мешаванд.
Дар шаҳри _________ «____» _________ 2024 дар ду нусхаи аслӣ ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва русӣ ба имзо расонида шуд, зимнан ҳамаи матнҳо эътибори баробар доранд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилофот вобаста ба тафсир, матни забони русӣ бартарият дорад.
Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон
