МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД
Намояндаҳои Бонк дар ҳайати Антонио Забаллос, директори идораи бахши рақамӣ, Фирӯза Додомирзоева, ассистенти калони лоиҳа дар Тоҷикистон, Ашиш Джоши, мушовири байналмилалӣ, мутахассис дар самти мушовири миллии Непал ва Шинг Лонг, сармутахассиси бахши иҷтимоӣ иштирок доштанд.
Дар суханронии худ директори Агентии Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ ба намояндагии Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкорӣ судманд дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ изҳори сипос намуданд.
![]()
Ҳадафи мулоқот баррасии мушкилии ҷории соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, рақамикунонии соҳа ва масъалаҳои ислоҳоти соҳаи нафақа, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баррасӣ гардиданд.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона сурат гирифта, ҷонибҳо таваҷҷуҳи худро ба рушди ҳамкориҳои оянда тасдиқ намуданд.

