Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ ДАХЛДОР

11 март 2025, Сешанбе
8
11 марти соли равон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ Ғафор Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Худоёр Худоёрзода, муовини якуми раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, Ёров Файзулло, сармутахассиси низоми рақамии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва дигар кормандони вазорату идораҳои болозикр иштирок намуданд.
Мақсад аз вохӯрӣ иҷрои банди 10 ва 119 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №1 (17 январи соли 2025) дар бораи пайвастани ҳатмии роҳбарони мақомоти давлатӣ ба системаи ҳамгироии иттилоотии байниидоравӣ оид ба масъалаи сари вақт гирифтани маълумот дар бораи шаҳрвандони фавтида, аз ҷумла нафақагирон, ташкили ҳамкориҳои электронӣ тавассути системаи мубодилаи иттилоотии байниидоравии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ мебошад.
Мулоқот дар фазои анъанавии дӯстона ва гарму самимӣ ҷараён гирифт.