Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВОХЎРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД

17 феврал 2025, Душанбе
18
17 феврали соли 2025 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баргузор гардид.
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд дар ҳайати Азиз Ҳайдаров роҳбари гурӯҳ оид ба маъмурикунонии лоиҳаҳо, Зебо Ҷалилова– мутахассис оид ба масъалаҳои кафолати таъминоти иҷтимоӣ, Иващенко Олексей – сармутахассис оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғл иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот Директори Агентӣ Ҳалимзод А.Д. ба иштирокдорони ҷаласа вобаста ба масъалаҳои мубрам, аз қабили такмили қонунгузории соҳаи нафақа, рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон ва дигар масъалаҳои ба самтҳои фаъолияти Агентӣ вобастшуда, маълумот дода шуд.
Азиз Ҳайдаров намояндаи Бонки Осиёии Рушд зикр намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва ҳарчи зудтар ба роҳ мондани лоиҳаи “Модернизатсияи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа” омӯзиши кормандони соҳа оид ба истифодаи техналогияҳои рақамӣ ва расонидани кӯмаки техникӣ аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд коршиноси дараҷаи байналмилалӣ ҷалб карда шудааст.
Дар фарҷоми вохӯрӣ директори Агентӣ Ҳалимзод А. Д. ба намояндагони Бонки Осиёии Рушд барои ҳамкориҳо минбаъда дар самти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа изҳори сипос намуданд.
Вохӯрӣ дар рӯҳияи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи созанда гузашт.