ВОХӮРИИ НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ БО КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ
08.05.2025 ш. Душанбе
Имрӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҳти роҳбарии директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ бо иштироки намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори калони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо Ҷаҳон Раҷабзода Назар дар мавзӯи шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳи асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, пешгирии экстремизм, терроризм ва хатари сартосарии он дар ҷаҳон бо кормандони Агентӣ вохӯрӣ гузаронда шуд.
Зикр гардид, ки яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбунёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Маҷлиси Олии мамлакат ва дар симои он ба тамоми халқи кишвари худ ироа намудани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Сарвари давлат борҳо зикр намудаанд, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Вобаста ба ин иқдом ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки бо мақсади тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилоти буҷетӣ ва стипендияҳо» 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо мутобиқи моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва андозаи нафақаи заминавӣ дар ҳаҷми 10 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд».
Дар рафти вохӯрӣ таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои дигари минтақа таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризмро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ эҳсос менамояд. Таҳдидои террористӣ шаклу усулҳои тозаро касб карда, доманаи онҳо васеъ гардида, тарзҳои содир намудани ҳамлаҳои террористӣ ва ҳадафҳои онҳо тағйирёбандаанд.
Ташкилотҳои экстремистию террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда бо ин сохторҳо робитаҳои устувор дошта, дорои сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва таҷрибаи пешбурди фаъолияти тахрибкорию террористӣ мебошанд. Созмонҳои экстремистию террористӣ ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавассути ҷустуҷуи аъзои нав бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботӣ мебаранд.
Дар робита ба ин, Тоҷикистон чораҳои ниҳодӣ, фарогир ва маҷмуии пешгирӣ, ошкор, рафъ ва қатъ намудани зуҳуроти экстремизм ва терроризмро қабул ва амалӣ менамояд.
Дар охир Ҷаҳон Раҷабзода кормандони Агентиро ба таъмини амнияти кишвар, сулҳу субот, пешгирии ҳолатҳои экстремистию терористӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва ободу зебо гардондани кишвари азиз даъват намуданд.
