Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ОЗМУН

27 апрел 2026, Душанбе
29

РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИДМАТИ ДАВЛАТИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1. Сармутахассиси шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -2390,80.
2. Сармутахассиси бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ -2279,60
3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иҷроиши буҷет, баҳисобгирии муҳосибӣ ва хизматрасонии маъмурию хоҷагидории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1959,90.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1959,90.
5. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1862,60.
6. Мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонии нафақагирони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1862,60
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;
- шарҳиҳол;
- нусхаи диплом;
- 2 дона расми 3х4 ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;
- нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);
- маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;
- маълумотнома (справка-объективка).
Талаботи тахассусӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
НИШОНИИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО:
ш. Душанбе, н.Фирдавсӣ, кӯчаи Мушфиқӣ 103 "А"; тел. 233-81-02, 233-81-07.
Қабули ҳуҷҷатҳо: 21 рӯз пас аз чопи эълон.