ОЗМУН

РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ БАРОИ ИШҒОЛИ 3 МАНСАБИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУНИ ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
- Мутахассиси пешбари Шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ ММБИ дар шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862,60 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари Бахши баҳисобгирӣ ва нигаҳдории асноди нафақавӣ ММБИ дар шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1862,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорни Раёсати АСИН – и ш. Кӯлоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2279,60 сомонӣ.
- Сармутахассиси бахши хазматрасони нафақагирони Раёсати АСИН-и ноҳияи Фархор– 1 ҷой, маоши мансабӣ 2168,40 сомонӣ.
- мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1779,20 сомонӣ.
- Мутахасиси бахши хизматрасонии нафақагирони Раёсати АСИН-и н.Муъминобод – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1459,50 сомонӣ.
- мутахассиси шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафвқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1459,50 сомонӣ.
- Мутахассиси Шуъбаи АСИН- и нохияи Шамсиддин Шохин – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1959,50 сомонӣ.
- Мутахаисиси бахши бойгони ва нигоҳдории аснодҳои нафақави коркарди дархостҳо аз давлатҳои ИДМ-и ММБИ-и ноҳияи Данғара – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1459,50 сомонӣ.
ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МАНСАБИ САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТ
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (иқтисодчӣ), ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ.
ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МАНСАБИ МУТАХАССИСИ ПЕШБАРИ РАЁСАТ
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (иқтисодчӣ), ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);
-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки уҳдадории мансабии сармутахассиси раёсатро ба танзим медарорад;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер ва дигар технологияи иттилоотӣ
ТАЛАБОТҲОИ ТАХАССУСӢ БАРОИ МАНСАБИ МУТАХАССИСИ РАЁСАТ
-таҳсилоти олӣ, олии нопурра ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ;
-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (ба донандагони забонҳои хориҷӣ бартарият дода мешавад);
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми тадбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи хуби муошират;
-малакаи кор бо компютер ва технологияҳои дигари иттилоотӣ;
БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ДОВТАЛАБОН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИНРО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЯНД:
- ариза ба номи сардори Раёсат (шакли муқаррар шуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (2 дона акси андозааш 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар барои таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумот оиди вазъи саломатӣ (шакли 0,38УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушахаси андозсупоранда);
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро
намудаанд);
- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома
- маълумотнома аз ҷои истиқомат ва оиладорӣ
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
НИШОНИИ ҚАБУЛИ ҲУҶҶАТҲО:
шаҳри Кӯлоб хиёбони Абдураҳмонов 12 Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафакаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтакаи кӯлоб тел:- (83322) 2 34 16;
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.


