СОЗИШНОМА ОИД БА ТАБОДУЛИ МАЪЛУМОТ БАЙНИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА ВА КУМИТАИ АНДОЗ БА ИМЗО РАСИД
30 майи соли 2026 директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо мақсади ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият Созишномаи мазкурро ба имзо расонданд.
Мақсади Созишнома ба роҳ мондани табодули маълумоти барои истифодаи хидматӣ, аз ҷумла тавассути модулҳои барномаи компютерӣ байни Кумитаи андоз ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад.



