Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

АГЕНТӢ. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ТАНТАНА ДОШТ

23 май 2025, Ҷумъа
13
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани Ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавонон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон шуд, зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.
Ин нукта дар чорабинии тантанавӣ, ки 23 майи соли 2025 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки Абдураҳмон Ҳалимзод, директори Агентӣ ва Мафтуна Суярзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт, зикр шуд.
Дар оғоз Мафтуна Суярзода аҳли нишаст ва дар симои онҳо кормандони Агентиро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май дар саросари мамлакат ба таври шоиста ҷашн гирифта мешавад, табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву саодати рӯзгор орзу намуд.
Тавре зикр гардид, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ниҳоди ҳар як намояндаи насли имрӯза давра ба давра иқдомоти мушаххасро амалӣ намуд.
Гуфта шуд, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси иқдоми муассир дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, махсусан футболи миллӣ, амалӣ мегардад.
Дар баромади худ Абдураҳмон Ҳалимзод оид ба амалисозии чораҳои мушаххаси роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз ҷумла ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон, қабули даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии бевосита ба ҷавонон дахлдошта, тадбирҳои баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардондани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат бо роҳи таъсиси ҷоизаҳои гуногун андешаҳои ҷолиб баён намуданд.
Ҳамчунин, дар идома чанд ҷавони фаъоли Агентӣ ба сухан баромада, барои дастгириву талошҳо баҳри таъмини шароити созгори зиндагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Роҳбари ҷавонпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.
Сипас, ба як гурӯҳ кормандони фаъол барои фаъолияти намунавӣ, иҷрои босифати уҳдадориҳои мансабӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ сипоснома ва ифтихорномаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуд.



Дар анҷом Абдураҳмон Ҳалимзод иброз доштанд, ки ба шумо ҷавонон – неруи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед.