Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ИШТИРОКИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ 18.05.2025

18 май 2025, Якшанбе
12
Кормандони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола 23-уми май ҷашн гирифта мешавад ва Дави миллӣ яке аз маъракаҳои марказии ин ҷашнвора маҳсуб ёфта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир мегардад.
Иштирокчиён дар масофаҳои гуногун қувваозмоӣ намуда, фазои шоду мусоиди варзишӣ ба вуҷуд оварданд.
Мусобиқа дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» доир гардида, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари кишвар доир мегардад. Имсол ин рӯз ба 18 - уми май мувофиқат карда, 18-умин Дави миллӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақсад аз баргузории мусобиқа таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он дар байни аҳолӣ мебошад.
Дави миллӣ маъракаи умумимиллӣ буда, ба солимӣ ва оммавияти варзиш нигаронда шудааст.
Кормандони Агентӣ бо руҳияи баланд ва омодагии ҷисмонӣ дар ин чорабинӣ ширкат варзида, саҳми арзандаи худро дар тарғиби арзишҳои варзиш ва ваҳдати миллӣ нишон доданд.
Иштироки онҳо дар ин чорабинӣ на танҳо нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва солимии ҷомеа мебошад, балки инъикосгари руҳи ҷавонмардӣ ва масъулияти иҷтимоии аҳли Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст.