Натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда
Имрӯз дар Агентӣ маҷлиси Мушовараи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ, КВД Бонки амонатгузории ҶТ «Амонатбонк", Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти Агентӣ дар семоҳаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Агентӣ, сардорони раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин сардорони марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ иштирок намуданд, ки фаъолияти кории онҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли 2025 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1 миллиарду 376,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки иҷрои нақша 102,6 %-ро ташкил кард.
Аз рӯи таҳлилҳои гузарондашуда маълум мегардад, ки шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 апрели соли 2025-ум 846 787 нафарро ташкил менамояд, ки афзоиши теъдоди онҳо нисбати аввали сол 100 97 нафар ё 1,2 % афзоиш ёфтааст.
Пас аз муҳокимаи натиҷаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Агентӣ раиси Мушовараи Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод Достӣ иброз доштанд, ки иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушди низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақаро, самаранокии иҷрои вазифаҳои асосӣ қарор дода, ба зиммаи ҳар як корманди Агентӣ ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентӣ вазифаҳои дахлдор гузоштаанд.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, таъмини иҷрои пурраи қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ, пардохти саривақтии нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, таъин ва пардохти нафақаҳои касбӣ, маблағгузории саривақтии пардохти нафақа ва риояи ҷадвали пардохти ҳармоҳаи онҳо дар муҳлатҳои муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охири Мушовара, директори Агентӣ сардорони воҳидҳои сохтории Агентиро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" сари вақт ва дар муҳлати муқарраргардида баррасӣ намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шавад.
Дигар хабарҳо:
18 апрел 2025, Ҷумъа
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТ ВА ИНТИХОБОТИ НАВИ РАИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ХАЙРИЯ”