Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

ВОХЎРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

03 март 2025, Душанбе
13

3 марти соли 2025 вохӯрии директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Паоло Белли баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа баррасӣ шуд. Инчунин, оид ба рафти кори муштарак бо гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба рақамисозии он табодули иттилоот сурат гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои анъанавии созанда ва дӯстона гузашт.