Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешавад, ки тамоми хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ройгон мебошад. Маркази тамос: 3900

КИШВАРИ САБЗ

22 феврал 2025, Шанбе
16
Дар партави сиёсати ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» имрӯз, 22-юми феврали соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони дастгоҳи марказии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсатҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳашари ниҳолшинонӣ дар мавзеи кӯҳии паҳлуи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат бо иштироки роҳбарияти Агентӣ сурат гирифт.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар майдони 5 гектар тақрибан 1500 бех дарахти ҳамешасабзи арча шинонда шуд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба хотири тақвияти аксияи ниҳолшинонӣ дар кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки дар марҳалаи якум, яъне солҳои 2025-2027 дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд беш аз 10 миллион бех ниҳолу дарахтони ороишӣ шинонда шавад, ки амалишавии Барнома ҳамасола бо маром идома дорад.
Боиси хушнудист, ки парвариши ниҳолу дарахтони гуногун дар кишвари офтобии мо чун анъана аз гузаштагони пурифтихори мо мерос мондааст ва дар шароити дигаргуншавии босуръати иқлим моро водор ба он мекунад, ки пайравӣ аз ин амали табиатсози гузаштагони худ намуда, ҳамасола дар ҳар гӯшаи Ватани азизамон ҳашари дастаҷамъии ниҳолшинониро вусъат бахшем.